Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон равуои сокинон байни ноҳияҳоро маҳдуд карданд


Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) равуои сокинон аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғро маҳдуд кардаанд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифта шудааст.

Ниятбеков афзуд, бар асоси дастури тоза, ба истиснои кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҳукумати вилоят барои равуои дигар шаҳрвандон ҳангоми омадан ба шаҳри Хоруғ, маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Дар пайи паҳн шудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон, ҳазорон нафар аз зодагони ВМКБ ба ин минтақа паноҳ бурданд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар миёни онҳо афроди гирифтор ба коронавирус низ буданд.

Як ронандаи таксӣ аз ноҳияи Дарвоз 26 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз шуниданд, ки сафар ба берун аз вилоят ва ҳамин тариқ, ворид шудан ба он барои муддати номаълум ба он манъ шудааст.

Равуои сокинонро дар байни ноҳияҳои Бадахшон маҳдуд карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Дар ҳамин ҳол, сокинони бархе аз ноҳияҳои ВМКБ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот тайи ҳафтаҳои ахир маҳдудиятҳои шадид дар рафтуомад ва риояи ҳатмии фосилаи ҷисмониро ҷорӣ карда, ҳузури сокинонро дар маросимҳое чун ҷаноза маҳдуд карданд.

Вилояти Бадахшон аз аввалин минтақаҳои Тоҷикистон аст, ки ба таври расмӣ дар равуои шаҳрвандон маҳдудият ҷорӣ мекунад. Пештар аз ин сарони ҳукумати вилояти Суғд ҳам аз нияти худ барои кам кардани равуо хабар додаанд. Аммо бо гузашти ду ҳафта то ҳол дар ин вилоят ва дигар манотиқи кишвар аз ҷумла Душанбе ва Хатлон ҳам эълони расмие дар ин бора садо надодааст.

Гузашта аз ин, айни ҳол дар мавриди равуои сокинон дар минтақаҳои кишвар як қоидаи умумӣ вуҷуд надорад. Масъулони вилояти Суғд гуфтанд, оид ба гаштугузори сокинон ва ё ҳаракати мошинҳо маҳдудият ҷорӣ накардаанд, вале дар даромадгоҳи ноҳияҳо аз сӯи масъулони тандурустӣ постгоҳҳо ташкил шудааст. Ба қавли чанде аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар ҳукумати Суғд, сокиноне, ки аз маҳалли зисташон мехоҳанд ба дигар ноҳия раванд, дар постгоҳ ҳарорати баданашон санҷида мешавад.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон рӯзи 26 май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин минтақа барои равуои сокинон маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва танҳо аз сӯи масъулони Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус тавсияҳо дода шудааст, ки сокинон бе зарурият аз рафтан ба дигар ҷойҳо худдорӣ намоянд.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори афроди сироятёфта, фавт ва шифоёфтагон аз бемории COVID-19-ро дар сатҳи кишвар нашр мекунанд, аммо аз пахши чунин оморҳо дар минтақаҳо худдорӣ менамоянд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро оморҳо оид ба коронавирус дар алоҳидагӣ аз минтақаҳо гуфта намешавад, посухи дақиқ надод ва таъкид намуд, ки "инро маълум карда, баъдан мегӯям".

Маҳдудияти равуои сокинон дар вилояти Бадахшон дар ҳолест, ки Нуралӣ Додалиев, муовини сардори Идораи тандурустии ин вилоят вазъи бемориро дар вилоят "қаноатбахш" меномад. Ӯ рӯзи 25 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ омори гирифторон ба коронавирус дар вилоятро нагуфт ва таъкид кард, ки дар ин минтақа "шифоёфтаҳо бештар аз афроди бистаришуда ҳастанд".

Мақомот омори ахири гирифторони коронавирус дар Бадахшонро нашр намекунанд. Вазорати тандурустӣ бори ахир рӯзи 4-уми май гуфта буд, ки дар ин вилоят 7 нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд. Баъд аз он маълум нест, ки ин шумора чӣ қадар афзоиш ёфт. Дар ин миён гирифторони чанд мақоми баландпоя ба коронавирус дар Бадахшон расонаӣ шуд, ҳарчанд мақомоти маҳаллӣ ин хабарҳоро рад карданд. Шумораи мубталоёни беморӣ дар вилоят ва ноҳияҳо расман эълон намешавад.

То имрӯз дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ 3100 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд. Аммо ба ҷуз аз манъи дарсҳо дар мактабу донишгоҳҳо ва ҳатмӣ будани пӯшидани ниқоб дигар чораҳои пешгирӣ ҷорӣ нашудаанд. Чандин мақомдорони тоҷик дар посух ба пешниҳодҳо дар бораи ҷорӣ кардани карантини умумӣ ё "нарм" як навъ посухи рад дода гуфтанд, дар он сурат иқтисод осеб мебинад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG