Дар хона мондан ва эҳтиёт аз бемории COVID-19, дар баробари чандин мушкилоти дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баҳсу ҷанҷоли ҳамсояҳо ва хушунати хонаводагиро зиёд кардааст.
Дар ин миён кӯдакон ҳам истисно нестанд ва ба озори ҷисмониву равонӣ рубару мешаванд. Қазияи пурсарусадои латукӯби як кӯдак аз тарафи падар, ки бо боздошти падари бераҳм анҷом ёфт, ду рӯзи ахир аз мавзуҳои аслии баҳс дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Марди 34-солаи соҳиби ду фарзанд баъди он дастгир шуд, ки видеои бадрафтории ӯ ва бераҳмона задани кӯдакаш ба Интернет роҳ ёфт. Дар ин видео дида мешавад, ки чӣ гуна бо вуҷуди илтиҷову зораи тифл, падар ӯро мезанад ва пояшро дар гулӯяш монда, мефишорад.
Модари кӯдак аз шаҳри Хуҷанд дар муҳоҷират будааст ва ба далели карантину бекорӣ дар Русия наметавонад, барои хонавода пул фиристад. Падар бо чунин шева хостааст, ки ҳамсарашро ба фиристодани пул водор кунад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди боздошти падар гуфт:“Ин нафар Фирдавс Иномзода, сокини шаҳри Хуҷанд буда, қаблан зиндонӣ шудааст. Дар боздошт қарор дорад”.
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияро пайгирӣ доранд ва бо мақомот Суғд мекӯшанд, кӯдаконро бо ҷойи амн ва равоншинос таъмин кунанд. Вай афзуд: “Модари ин кӯдакон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст. Ҳоло муайян мекунем, ки ягон хешу табори онҳо бошад, кӯдаконро ба онҳо диҳем. Агар не, бояд кӯдаконро дар ягон муасссиса ҷой кунем, чунки хурдсол ҳастанд”.
Таъсири карантин ва ё расми қадима?
Мавзӯъи зуроварӣ дар ҳоле дубора сари забонҳо шуд, ки ҳоло аксари боғчаву мактабҳо дар Тоҷикистон таътил аст ва то замони беҳтар шудани вазъ тавсия шудааст, кӯдакон дар хона бимонанд. Ҳафтаҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояти корбарон аз беназорат гузоштани кӯдакон дар берун, ҷанҷоли ҳамсояҳо барои кӯдакон шунида мешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, хушунат ба кӯдакон, метавонад дар давраи пандемия афзоиш ёбад, чун ба гуфтаи онҳо мақомот, ҳеҷ барномаи мушаххасе надоранд ва давраи “карантини нарм” волидону калонсолонро асабонӣ кардааст.
Ситора сокини шаҳри Душанбе аст ва се фарзанд дорад. Дар ин шабурӯз, ӯ ҳам аз коргоҳаш рухсатии бемузд баромада, вақти худро ба нигоҳубини фарзандон сарф мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки нигоҳубин ва тарбияи кӯдаконе, ки дар мактабу боғча таълим мегирифтанд, дар хона ва он ҳам дар биноҳои баландошёна, ки ҷое барои бозӣ надорад, сахт аст.
Чанд рӯз пеш маъмурони милисаи Душанбе аз боздошти се зан хабар доданд, ки ба як зани ҳамсоя, ки гӯё фарзандонаш оромии онҳоро халалдор намудаанд, ҳамла кардаанд. Мақомот гуфтанд, “гумонбарон бо пойафзол зани ҳамсояро зада, бо овози баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳ карда, шаъну шарафашро дар назди дигар ҳамсоягон паст задаанд”. Худи зани ҷабрдида бо нашри навори видеоӣ дар Фейсбук гуфт, ки занҳои ҳамсоя аз садои писаронаш нороҳат шуданд, ки дар карантин дар хона ҳастанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омори ҷинояту қонуншиканиро табақабандӣ накардааст, ки маълум шавад, озору азияти кӯдакон ва хушунати хонаводагӣ дар ин тақрибан як моҳ зиёд шудааст, ё не.
Мушкиле, ки доғ ва сипас фаромӯш мешавад
Сари чанд вақт чунин ҳодисаҳо, аз ҷумла озор додани кӯдакон расонаӣ мешавад ва таваҷҷуҳи мақомоту ҷомеаро барои чанд муддат ба ин мушкил ҷалб мекунад. Аммо бо гузашти вақт ҳама фаромӯш мешавад ва маълум аст, ки ҷомеа омода нест, мубориза алайҳи зӯровариро дуруст ба роҳ монад.
Ба бовари Маҳмудшоҳ Кабирӣ равоншиноси тоҷик, аксари волидайн намедонанд, ки барои тарбияи кӯдак ҷавобгаранд ва бояд мақомоти кор бо ноболиғон дар ин роҳ корҳои бештарро миёни волидайн роҳандозӣ кунад. Ӯ афзуд, аз хурдӣ ба кӯдакон омӯхтани ҳуқуқашон роҳи дигари ҳал аст: “Бо кӯдакон кор бояд бурд, ки ҳуқуқи худро бидонанд. Бо дарки он, ки задани кӯдак ҷиноят аст, нисфи кор ҳал мешавад.”
Ба назари ин равоншинос, муноқишаҳои дохили оилавӣ, аз ҷумла хушунату зуроварӣ нисбати кӯдакон аз тарафи калонсолон ва волидайн ба “карантини нарм” дар кишвар вобастагӣ дорад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Кӯдакон давутоз доштанд ва нерӯи худро ҳамин тавр сарф мекарданд, чун дар хона бисёранд ба якдигар ҷанг карда, асбоби хонаро мешикананд ва ғалоғула мекунанд. Ин асаби одамони калонро, ки дар тарсу ҳарос ва рӯҳафтодагӣ қарор доранд, ба ангеза меорад.”
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, волидон, ки аз назари иқтисодиву иҷтимоӣ мушкилиҳои зиёд доранд, баъзан алами ин ҳамаро аз кӯдакон мегиранд. Ба бовари равоншинос, “ҳолати равонии волидайн, ки дар тарсу ҳарос ва ғазабу рӯҳафтодагӣ қарор доранд, боис мешавад кӯдаконро зананд ва агар ба ноумедӣ гирифтор бошад, бешуурона мезанад, ки аз кори кардаашон дарак намеёбанд”.
Равоншинос машварат медиҳад, ки барои аз байн бурдани хушунату зуроварӣ бояд волидайн ҳамроҳи фарзандон вақт гузаронанд, омӯзиши онлайнӣ тарҳрезӣ шавад ва табибони оилавӣ тез- тез кӯдаконро муоина кунанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, чунин барномаеро дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ роҳандозӣ карданӣ ҳастанд ва аз натиҷаи он дертар хабар медиҳанд.