Милисае, ки исмаш барои латукӯби як хонандаи мактаб дар Исфара расонаӣ шуда буд, аз кор барканор шудааст. Дар бораи чунин рафтори Аҳад Ғайбуллозода, корманди шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и шаҳри Исфара нисбати Акбар Довудов -- хонандаи мактаби рақами 64 дар ҷамоати Чоркуҳ, Радиои Озодӣ авохири моҳи гузашта гузориш дода буд.
Модари ин хонанда ба мақомот шикоят карда, таҳқиқи рафтори афсари милисаро тақозо карда буд. Назари ин корманди милиса ва наздикони ӯ ба тасмими аз кор озод шудани ӯ маълум нест, вале як манбаъ бидуни зикри номаш гуфт, таҳқиқ бадрафтории Ғайбуллозода нисбати хонандаро собит кардааст.
Модари ин мактабхон, ки худаш низ омӯзгори ҳамин мактаб аст, мегӯяд, барканории ин милиса аз мақомаш басанда аст аст ва ӯ дигар даъвое надорад. Алия Довудова, модари Акбар рӯзи 29-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даҳ рӯзи пеш дар идораи милисаи Чоркӯҳ ба ӯ гуфтанд, ки Аҳад Ғайбуллозода аз кор дар сафи милиса ронда шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, "ба ман ҳуҷҷатеро нишон доданд, ки ин корманди милиса бо моддаи 48 Кодекси ҷиноятӣ аз кор озод шудааст".
Ба гуфтаи Алия Довудова, баъди рондани шудани Аҳад Ғайбуллозода аз сафи мақомоти милиса, дигар даъво надорад, чун ба гуфтаи худаш, намехоҳад бо зиндонӣ кардани ин нафар, фарзандони вай бепадар бузург шаванд. "Ман худам панҷ фарзандро бепадар калон кардам, медонам чӣ қадар мушкил аст. Вай чор фарзанд ва модари пир доштааст. Модараш ба ман занг зада, хоҳиш кард, ки дигар даъво накунам. Бигузор ҳамин ҷазо барояш дарс шавад".
Талошҳои Радиои Озодӣ ҳар ду дафъа барои гирифтани назари Аҳад Ғайбуллозода натиҷа надод. Вале дастикам ду манбаъ аз мақомот барканории ин афсари милисаро тасдиқ карданд, вале нахостанд ҷузъиёти бештаре диҳанд. Яке аз онҳо гуфт, таҳқиқ анҷом шуда, ҳоло натиҷаи он ба вазорати корҳои дохилӣ ирсол шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҷараёни санҷиши қазия бо чӣ меанҷомад ва баҳои тафтишот ба кори афсари милиса ғайр аз барканорӣ, чӣ мешавад. Ҳоло ки созиши ду модар - яке барои латукӯб шудани писар ва дигари барои ҷазо нагирифтани фарзандаш қазияро "нарм" кардааст, маълум нест он то куҷо кашида мешавад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки набояд кор бо ин хотима ёбад.
Як ҳуқуқшиносе ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар воқеан Аҳад Ғайбуллозода дар латукӯби хонандаи мактаб ва он ҳам дар дохили синфхона даст дорад, набояд кор танҳо бо барканорӣ анҷом ёбад. "Балки барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад". Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 45 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё чанд соли маҳрумӣ аз ишғоли вазифаро пешбинӣ мекунад.
Ҳодиса рӯзи 16-уми сентябр замоне сар зада буд, ки дар пайи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, теъдоди зиёди кормандони пулис бо ҳадафи таъмини амният ба ин минтақа сафарбар шуданд. Аҳад Ғайбуллозода, корманди шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и шаҳри Исфара, ки гуфта мешуд бо хонандаи мактаб бадрафторӣ кардааст, дар ҷамоати Чоркуҳ ва ҳудуди мактаби рақами 64 маҳаллаи Сомониён қарор доштааст.
Ҳодиса баъд аз он сар задааст, ки дар соати дуюми дарсӣ, ки фанни таърих буд, Акбар каме дертар аз муаллима ба синфхона ворид шудааст. Ба гуфтаи ин хонанда, вақте баргашт корманди милиса дар дарс ҳузур дошт ва ӯро барои дермонияш сарзаниш ва латту кӯб кард.
"Гуфт, наметавонӣ, дар панҷ дақиқа коратро дар ҳоҷатхона тамом кунӣ? Духтарҳо онҷо буданд, аз шарм сарамро хам карда, нишастам. Чанд маротибаи дигар пурсид, ки панҷ дақиқа барои ҳоҷатхона бас набуд, ман ҳам гуфтам, ки не. Баъди чанд маротиба задан суол дод, ман дигар аз тарс натавонистам, ба саволҳояш посух диҳам. Ин қаҳри ӯро бештар кард ва ман ҳарчӣ зиёд шатта мехӯрдам".
Дар гузашта ҳам нигарониҳо аз дахолати милиса ба кори мактабу омӯзгорон ва ҳатто бадрафтории онҳо бо гумонбарон расонаӣ шудаааст, аммо латту кӯби мактабхонҳо дар синфхона ва ҳам аз тарафи маъмури милиса, камназир аст. Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, даст бардоштан ба хонанда ва ҳамагуна зӯроварӣ ба онҳо, ғайриқонунӣ аст.