Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 21 май гуфт, ки баъди тахминан як моҳи мубориза бо “коронавирус” падараш шифо ёфта аз беморхонаи зиндон озод шуд. Шӯҳрати Раҳматулло ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хоҳараш шунид, ки падарашро дирӯз ҷавоб доданд ва ӯ ба барак ё утоқи зиндон баргашт.
Раҳматуллои Раҷаб 61 сол дорад ва ба гуфтаи писараш, мутахассисони тибби Вазорати беҳдошт бар асоси томографияи компютерӣ дар зиндон гуфтанд, ки ӯ пневмонияи дутарафа дорад. То ҳол мақомоти тоҷик вуҷуди COVID-19 дар зиндонҳои Тоҷикистонро тасдиқ намекунанд, вале оилаи Раҳматуллои Раҷаб баъди машварат бо табибони хориҷӣ ба ин ақида аст, ки ин сиёсатмадори зиндонӣ аз коронавирус ранҷ мекашид.
Шӯҳрати Раҳматулло гуфт, аз муроқибати табибони беморхонаи зиндони рақами як ва сардори он Хуршед Мирзозода самимона сипосгузор аст, ки дар чунин марҳилаи сангин барои муолиҷаву дармони падари бемораш ёрӣ карданд ва дар интиқоли доруву дармони хешовандон ба падари бемораш ҳеҷ таъхире сурат нагирифтааст. Ба гуфтааш, маъмурияти зиндон ба ӯ имкон доданд, ки давоми ҳар ду рӯз се-чор дақиқагӣ бо наздикон сӯҳбати телефонӣ бикунад.
Шӯҳрати Раҳматулло гуфт, ки ҷараёни бемории падараш сангин мегузашт: чандин рӯз таби баланду мушкили нафаскашӣ дошт ва оилааш то охир аз сиҳҳатии ӯ нигарон буд.
Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳо рӯзи 21-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аҳволи Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон беҳтар шудааст.
Ин хабар дар ҳолест, ки наздикони чанде аз зиндониҳои дигар, аз ҷумла соҳибкор Зайд Саидов ҳам дар бораи бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудани азизонашон изҳори нигаронӣ карданд. Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки беш аз 20 маҳбусро бо таби баланду дарди гулӯ ба карантин гирифтанд.
Охири ҳафтаи гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуданд. Зери нома Ҷамшед Ёров - бародари вакили дифои зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, Фирӯзи Маҳмадалӣ - писари Маҳмадалӣ Ҳайит, Ҳисом Зубайдуллозода - писари Зубайдуллоҳи Розиқ, Мухамадиқбол Ҳисайнов - писари Саидумар Ҳусайнӣ, Гулбарг Сайфова - ҳамсари Умаршоҳ Давлатов ва дигарон имзо гузоштаанд.
Вале мақомоти тоҷик ба ин даъватҳо то ҳол ҳеҷ вокунише накардаанд. Тоҷиддин Раҷабалиев, сардори шуъбаи тандурустии маҳбаси рақами 1-и пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.
Дарёфти иттилои воқеӣ ва бетарафона аз дохили зиндонҳои Тоҷикистон имкон надорад, чун ҳеҷ созмони ҳомии ҳуқуқи башар ваё Салиби Сурхи байналмилалӣ имкони боздид аз зиндонҳоро надоранд. Коршинсони СҶТ ҳам, ки дар оғози моҳи май гуфтанд, аз вазъи зиндонҳо ҳам дидан мекунанд, ба зиндон роҳ наёфтанд.
Ҳайати СҶТ, ки давоми се ҳафта бӯҳрони коронавирус дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дод, рӯзи 20 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин “ҳайат зиндонҳоро ба таври мустақим дидан накард, вале таваҷҷӯҳ ба COVID-19 дар зиндонҳо дар авлавияти кори Дафтари минтақавӣ (дафтари аврупоии СҶТ) қарор дорад. Дар тамоми кишварҳо зарур аст, ки аз роҳ ёфтани ангезандаи сироят ба зиндону боздоштгоҳҳо ҷилавгирӣ шавад, паҳншавии он дар зиндон маҳдуд ва имкони аз зиндон ба берун рафтани сироят пешгирӣ шавад”.
СҶТ нагуфт, ки сабаби ба зиндон роҳ наёфтани мутахассисонаш дар чӣ буд. Вале, ба гуфтаи ин созмон, онҳо дастурамалеро дар заминаи бархӯрд бо COVID-19 дар зиндону боздоштгоҳҳо таҳия ва дар ихтиёри мақомоти тоҷик қарор доданд.