Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Хуросон ба нишони эътироз роҳро бастаанд. Онҳо кумак мехоҳанд. ВИДЕО


Даҳҳо сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ҳафтаи гузашта бар асари омадани сел хонаву дари худро аз даст доданд ва ё зарар диданд, рӯзи 17-уми май роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. Онҳо талаб доранд, ки мақомоти ноҳия ҳарчи зуд ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳ карда, барои барқарор намудани хонаву дарашон ёрӣ расонанд.

Дар наворҳое, ки рӯзи якшанбе ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар миёни издиҳом маъмурони милиса ва сарбозон низ ба чашм мерасанд.

Чанде аз ронандагон, ки аз Бохтар ба Душанбе сафар доштанд, шикоят карданд, ки ба сабаби баста будани роҳ хеле мунтазир истоданд.

Алии Хатлонӣ, корбари Фейсбук, бо нашри се видео наивштааст: "Эътирози мардуми ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар километри 15-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар. Сокинони офатзада бо эътироз роҳи пойтахтро бастанд ва аз ҳукумати ноҳияи Хуросон талаб доранд, ки ба онҳо кумак расонанд."

Вай навиштааст, ҳодиса пеш аз нисфирӯзии якшанбе иттифоқ уфтодааст.

Яке аз роҳгузарон, ки ҳодисаро бо чашми худ дидааст, ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷойи ҳодиса маъмурони милиса ҳузур доштанд ва аз сокинон хостаанд, ки роҳро кушоянд.

"Яке аз онҳо аз мардум хост, ки роҳро боз кунанд. Дар ҷавоб сокинон ба ӯ дарафтоданд. Низомиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигарон ба миён даромада, халос карданд. Сокинони норозӣ мегуфтанд, ки аз 14-уми май, замони омадани сел, раиси ноҳия ба назди сокинони офатзада наомадааст", - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Вай афзуд, баъд аз ду соати ҳодиса дидааст, ки "нирӯҳои вижа дар онҷо буданд ва мардумро дур карда буданд." Мақомот ҳанӯз дар ин бора хабаре надодаанд.

Шоми 14-уми май дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расида, манзили чанде аз сокинон зарар дид. Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Хуросон мегӯянд, ҳудуди 10 хона пурра вайрон шудааст, вале сокинон мегӯянд, хисороти расида аз ин зиёд аст.

Сокинон мегӯянд, дар ду ҷамоат зиёда аз 50 чорвои мардум нест шуда, ҳамзамон чанд мошин зери хок мондааст.

Хуросон аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ бахусус сел аст. Солҳои гузашта низ омадани сел ба ин ноҳия зарари зиёд расонда буд. Бори ахир дар моҳи марти имсол як сокини ноҳияи Хуросон дар вақти омадани сел ҳалок шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG