Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Лаҳистон (Полша) чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони кӯшиши ҷалби дигарон барои анҷоми ҳамлаҳо дастгир кардаанд. Оҷонси амнияти дохилии Лаҳистон (ABW) хабар дод, ки боздошти онҳо рӯзи 7-уми май сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои истифода дар ҳамлаҳо қасд доштаанд афродеро ҷалб кунанд, ки ба ислом гароидаанд.

Станислав Жарин, сухангӯи ҳамоҳангсози нирӯҳои вижаи Лаҳистон, рӯзи 11-уми май ба расонаҳо гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар як маркази Хадамоти марзбонӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва аз ин кишвар ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Вай афзудааст, ин афрод аз вуруд ба Лаҳистон ва кишварҳои минтақаи Шенген маҳрум мегарданд.

Ба қавли ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ назари мусбат дошта, аммо узви он набудаанд.

Дар як моҳи ахир бори севум аст, ки хабари боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони терроризм дар кишварҳои аврупоӣ расонаӣ мешавад.

Мақомоти Олмон 15-уми апрел эълон карданд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт кардаанд.

Додситонии ин кишвар аз онҳо Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К., Суннатуллоҳ K. ва Равшан Б. ном бурд. Мақомоти Олмон ҷузъиёти бештаре дар бораи ҳувияти онҳо надод. Дертар Радиои Озодӣ шахсияти бархе аз боздоштшудаҳоро пурра маълум кард.

Охири моҳи апрел мақомоти амнияти Албания хабар доданд, ки як тоҷикистонии 24-соларо бо гумони узвият дар созмони террористии "Давлати исломӣ" боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG