Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги чаҳор нафар аз "илтиҳоби шуш" дар зиндонҳои Тоҷикистон 


Симхорҳои девори яке аз зиндонҳои Тоҷикистон
Симхорҳои девори яке аз зиндонҳои Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, рӯзҳои ахир чаҳор зиндонӣ бар асари бемории илтиҳоби шуш ё "пневмония" фавтидаанд.

Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳо ва муовини вазири адлияи Тоҷикистон, 11-уми май дар суҳбат бо хабаргузории "Спутник" гуфтааст, хабарҳо дар бораи фавти зиндониён дуруст аст, вале "ба маънои он нест, ки ҳама зиндониён сар ба сар фавтида истода бошанд."

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

Вай афзудааст, "то ҳамин лаҳза 4 зиндонӣ бо ташхиси пневмония ҷон додаанд, аммо қанду дилу дигар маризиҳои ҳамрадиф доштанд. Аксарият аз 50-сола зиёд буданд."

Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми май дар бораи марги Абдулфайз Раҷабови 47-сола дар зиндони рақами яки Душанбе гузориш дод. Наздиконаш гумон доранд, ӯ аз коронавирус фавтидааст, вале мақомот мегӯянд, илтиҳоби шуш буд.

Ба иттилои Мансурҷон Умаров, феълан ҳудуди 30 зиндонӣ зери назорати пизишкон ҳастанд ва вазъи чаҳор нафар вазнин аст. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори "Спутник", ки воқеан ин илтиҳоби шуш аст ё коронавирус, чун пневмония гузаранда нест, гуфтааст, "ҳеҷ аҷобат надорад, ки чунин бошад. Дар тамоми ҷаҳон ва дар кишвари мо ин маризиро расман эътироф карданд. Дигар як чизи маълуму рӯшан аст."

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар ин суҳбаташ ба вазъи Зайд Саидов, соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ ва Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии раёсати ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам дахл кардааст.

Қаблан фарзандони ҳарду дар бораи бемор будани падаронашон хабар дода, озодии онҳоро талаб карда буданд.

Генерал Умаров тасдиқ кардааст, ки Зайд Саидов ва Раҳматуллои Раҷаб таб доштанд, аммо ҳоло вазъшон рӯ ба беҳбудӣ аст.

Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо аз манобеи мустақил феълан имкон надорад.

Пештар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ҳукумат пешниҳод карда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз сирояти COVID-19 ба зиндонҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Кам кардани шумори маҳбусон ва пурзӯр кардани чораҳои беҳдоштӣ ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ муассир аст. Яке аз маҳбусони рақами яки Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, сирояти вируси корона дар Тоҷикистон ба тартиби зиндагии маҳбусон тағйире ворид накардааст.

То 11-уми май дар Тоҷикистон расман 661 нафар ба коронавирус сироят шуда, 21 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG