Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Мансурҷон Умаров дар бемористони касалиҳои сироятӣ даргузашт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Носир Умаров, корманди ширкати "Барқи тоҷик" ва бародари сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, баъд аз панҷ рӯзи табобат дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе фавтидааст. Ҷое, ки ба гуфтаи мақомот асосан гирифторони бемориҳои сироятӣ ва илтиҳоби шуш муолиҷа мегиранд.

Мақомот то ба ҳол сабаби марги Носир Умаровро расман шарҳ надодаанд.

Яке аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми май гуфт, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз бемории ҳамагир фавтидааст ва ҷасадашро низ ба пайвандон надоданд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд: "Носир Умаровро баъди бемор шуданаш барои табобат ба чанд шифохона бурда буданд, вале касе қабул накард. Бисёриҳо дар ҳайрат буданд, ки агар бо вай чунин рафтор шавад, ҳоли одамони одӣ чӣ хоҳад шуд. Билохира дар бемористони Зарафшон ҷой карданд. Ӯро дар Душанбе дафн карда, ба падараш гуфтаанд, аз деҳа наояд."

Ба иттилои дарёфтӣ, дафни Носир Умаров субҳи 5-уми май дар пойтахт сурат гирифтааст.

Ин шабу рӯз бисёре аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марги пайвандон ва ҳамсояҳову афроди шинохтаи маҳалли зисти худ хабар медиҳанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, ин афрод бар асари коронавирус даргузаштаанд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ то ба ҳол танҳо фавти се нафарро аз ин беморӣ тасдиқ карда, вале ному насаби онҳоро ошкор нанамудаанд.

Дар Тоҷикистон, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавирус расман тасдиқ шуд, то кунун 230 нафар ба он мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG