Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 24-уми апрел оғоз мешавад. Дар ин бора рӯзи сешанбе қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон содир шуд.
Ин ниҳоди содиркунандаи фатво нисоби закотро 21 ҳазор сомонӣ муқаррар намуд, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр 5 сомонӣ барои як нафар муайян шудааст.
Шӯрои уламо барои афроде, ки узри шаръӣ доранд ва "бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест" ва наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян кардааст.
Моҳи Рамазон дар ҳоле дар Тоҷикистон фаро мерасад, ки мақомот бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус намозҳои панҷвақтаву ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳо манъ кардаанд.
Баргузории маросими ифтору идгардак ҳам манъ аст, вале мақомот танҳо намозу таровеҳ бо ҳузури аъзои оиларо дар хона иҷозат додаанд.