Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Далер Шарифов ҳафтаи оянда оғоз мешавад


Далер Шарифов
Далер Шарифов

Мурофиаи нахустини додгоҳии Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 13-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора вакилони мудофеи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки аз ҳаққи Далер Шарифов ҳимоят мекунанд, хабар доданд.

Шарифов аз моҳи январ боз дар боздоштгоҳ аст. Маълум нест, мурофиаи ӯ паси дарҳои пӯшида мегузарад ва ё озод бо иштироки наздикону хабарнигорон.

Далер Шарифов расман ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам аст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Наздикон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ин иттиҳомро беасос медонанд ва озодии ҳарчи зуди ӯро талаб доранд.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷикро рӯзи 28-уми январи имсол дастгир карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён аз боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронӣ карда, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб кардаанд.

XS
SM
MD
LG