Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперҷоми Тоҷикистон бе салом ва бе мухлис гузашт. ВИДЕО


Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд". 4-уми апрели 2020
Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд". 4-уми апрели 2020

Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ​дар бозӣ барои Ҷоми олӣ дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва бори нӯҳум барандаи Суперҷом ё Абарҷом шуд. Бозӣ шоми 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардид.

Ин бозӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки мусобиқоти варзишӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба далели густариши бемории КОВИД-19 муваққатан боздошта шудааст. Ба ин далел баргузории он ва оғози мавсими футбол дар Тоҷикистон дар сархатти расонаҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Бархе аз онҳо баргузории ин бозиро "беэҳтиётӣ" ва хилофи огоҳии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ меноманд, вале бархи дигар як кумаки равонӣ ба мухлисони футбол, ки таҳти карантин қарор доранд.

Reuters менависад, дар саросари олам мусобиқаҳои варзишӣ ҳоло танҳо дар Беларус, Никарагуа, Бурундӣ ва Тоҷикистон манъ нагаштаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон бе мухлис ва бе салом гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам ҳеч мавриди гирифтории сокинонро ба коронавирус сабт накарданд. Бо ин вуҷуд, бо тавсияи Вазорати тандурустӣ, барои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, бозӣ барои Суперҷом бе ҳузури тамошобинон гузашт.

Дар оғози бозӣ ҳайати тимҳо ба унвони яке аз роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дасти якдигарро нафишурданд ва бо лаҳзаи сукут ёди қурбониёни бемории ҳамагири КОВИД-19 дар ҷаҳонро гиромӣ доштанд. Дар баъзе аз гӯшаҳои майдон шиори "Нест бод коронавирус"-ро низ насб карда буданд.

Бозӣ чӣ гуна гузашт?

Дар бозии шоми шанбе ҳисоб дар дақиқаи 2-юм кушода шуд. Легионери узбекистонии “Хуҷанд” Санҷар Рихсибоев аз хатои футболбозони “Истиқлол” истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба дарвозаи дастаи рақиб ворид намуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи бозигарони Хуҷанд анҷом пазируфт.

Вале дар охири нимаи дувуми дидор бозигарони “Истиқлол” дар муддати ду дақиқа ду гол зада, ғолиб омаданд. Ҳарду гол аз назди дарвоза зада шуд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 78-ум ҳисобро баробар кард - 1:1. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Истиқлол”-ро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.

Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Никола Лазаревич, сармураббии дастаи “Хуҷанд” баъд аз анҷоми бозӣ шоми 4-уми апрел гуфт: "Хуб бозӣ кардем, вале дар охир қувваамон нарасид. Бозӣ бе мухлисон гузашт, ки фазои футболӣ нест. Футбол муҳим аст, вале саломатӣ муҳимтар. Ин тасмими дуруст аст."

Виталий Левченко, сармураббии дастаи "Истиқлол" мегӯяд, "ҳоло мо на танҳо барои пирӯзӣ дар мусобиқоти дохили кишвар, инчунин дар Ҷоми АФК талош хоҳем кард."

Ин бозии дувуми “Истиқлол” ва «Хуҷанд» дар муддати камтар аз як моҳ ба шумор мерафт. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуда буд.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори ёздаҳум доир гардид. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. «Истиқлол»-и Душанбе нӯҳ бор, «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баранда шудаанд.

Соли гузашта низ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Суперҷоми Тоҷикистон - 2020

«Истиқлол» «Хуҷанд» - 2:1

Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 2 (0:1), Манучеҳр Ҷалилов, 78 (1:1), Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (2:1)

“Истиқлол”: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 58), Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Алишер Ҷалилов (капитан, Рустам Соиров, 76), Виктор Свежов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсаҳедов, 58), Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Виталий Левченко

“Хуҷанд”: Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 76), Манучеҳр Сафаров, Хуршед Бекназаров, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 76), Абдулмуъмин Забиров (Андрей Сидоров, 84), Санҷар Рихсибоев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 64), Комрони Мирзонаҷот, Дилшод Бозоров (капитан).

Сармураббӣ: Никола Лазаревич

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол").

Огоҳӣ гирифтанд: Фирдавс Чақалов, 53, Санҷар Рихсибоев, 62 ("Хуҷанд"), Эҳсони Панҷшанбе, 90 («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Кӯмакдоварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Зайниддинзода (Бохтар).

4-уми апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015«Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

XS
SM
MD
LG