Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна Тоҷикистон то ин дам аз коронавирус эмин монд?


Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск. 30-юми марти 2020
Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск. 30-юми марти 2020

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон рӯзи дувуми апрел ба беш аз 960 ҳазор нафар расид. Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман то ин дам ягон мавриди сироятшавии сокинонро ба ин бемории ҳамагир сабт накардаанд. Радиои Озодӣ талош кард, назари коршиносонро дар ин бора бипурсад, ки кишвар чӣ бартариҳое дар баробари вирус дорад? Оё Тоҷикистон пандемия ё ҳамагириро пушти сар кард ё ҳанӯз хулоса кардан барвақт аст?

Ба баҳсҳои давомдори будан ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон якуми апрел шарҳи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Галина Перфилева илова шуд. Ӯ дар шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон расман дар мавриди набудани ин вирус дар кишвар, ҳадди ақал дар миёни 700 санҷише, ки гузаронида шуд, изҳорот дод.

"То кунун тибқи омори расмӣ ва мо ҳам таъйид мекунем, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди мусбати гирифторӣ ба COVID-19 (коронавирус) нест. Бо озмоишгоҳе, ки ВЗП (вокуниши занҷираи полимероз) санҷишро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, мо ҳамкории танготанг дорем. Ҳоло тамоми дунё бо COVID-19 мубориза мебарад, тақрибан дар кураи замин кишваре намонда, ки онҷо ин беморӣ набошад. Тоҷикистон ва Туркманистон вориди 53 кишваре мешаванд, ки дар онҳо мавридҳои COVID-19 сабт нашудааст", - гуфт Перфилева.

Аммо то лаҳзаи омода ба нашр шудани ин мақола шумораи кишварҳое, ки аз коронавирус осеб надидаанд, то 18 адад поин омад.

Ба қавли ӯ, Тоҷикистон аз Русия 23 ҳазор ва аз Олмон як ҳазор тест ёрии бебозгашт гирифтааст ва ҳамчунин бо Чин дар мавриди овардани тестнизомҳо мувофиқа ҳосил шудааст.

Перфилева гуфт, кори бузургеро Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар заминаи огоҳ кардани мардум анҷом дод. Ҳамчунин то кунун беш аз 6 ҳазор шаҳрванди кишвар ва атбои хориҷӣ давраи "карантин"-ро пушти сар мекунанд.

Сабаб -- ҷуғрофиё?

Тоҷикистон баъди мавридҳои сироят дар кишварҳои ҳамсоя марзҳо ва фазои худро баст ва шаҳрвандони воридшударо, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба карантини 14-рӯза гирифт, то аз паҳншавӣ пешгирӣ шавад. Вале, бо вуҷуди тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, аз баргузории тантанаҳои ҷашни Наврӯз худдорӣ накард. Ба ҷуз ин мактабу донишгоҳҳо низ баста нашуданд ва таҳсил аз 1-уми апрел бо реҷаи муқаррарӣ идома ёфт. Чунин тасмимҳои норавшан баҳсҳоеро дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, ки оё дар воқеъ зуҳури беморӣ дар кишвар пешгирӣ шуд ё низом қодир ба муайян кардани он нест?

Ҳоло ки давлат ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шаҳрвандонро аз набудани афроди мубтало дилпур мекунанд, коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳеч чизеро набояд истисно донист.

Профессори Донишгоҳи Қазоқистону Олмон, коршиноси масоили минтақа Рустам Бурнашев мегӯяд, мавқеияти минтақа дар ҳошияи масирҳои тиҷорӣ ва транзитӣ барои кишварҳо ёрӣ мерасонад, зеро ин боис мешавад, ки равобити камтар дошта бошад ва аз ин рӯ шумораи сироятшудаҳо мутаносибан камтар аст.

"Дар мавриди Тоҷикистон таъбири "ошкор нашудааст" метавонад ба ду маъно бошад: Ё умуман сироят нашудаанд ё иттилоъ ба расонаҳо роҳ наёфтааст. Ва ҳар ду вариант метавонад вуҷуд дошта бошад”, - мегӯяд коршинос.

Ин андешаро раҳбари гуруҳи таҳлилии Маркази омӯзиши Осиёи марказӣ ва Қафқози Пажуҳишгоҳи Шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин низ ҷонибдорӣ мекунад. Вай мегӯяд, "дар Тоҷикистон душвор аст. Аз як сӯй муҳоҷирони зиёде дар Русия кор мекунанд, ки ин ҷо манбаи сироят вуҷуд дорад ва бо такя ба ин мешавад фарзияи расмиро зери шубҳа қарор дод. Ҳамчунин таҷрибаи Белорус вуҷуд дорад, ки то ниҳоят талош кард, оромишро нишон бидиҳад ва иқдоме рӯйи даст нагирифт. Аммо ҳоло он ҷо вазъ хеле инфиҷорӣ аст", - мегӯяд Притчин.

Шубҳаҳои асоснок

Онҳое, ки шубҳа доранд, ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунанд, ки то бастани марзҳо шумораи парвозҳо дар як рӯз то ҳудуди 20-то буд ва вуруди мусофирон то 6,5 ҳазор. Ба ҷуз ин, дар гузаргоҳҳои марзӣ 30 нуқта фаъол буд, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар вориди кишвар мешуд.

Дар Қирғизистони ҳамсоя паҳнкунандаи вирус расман шаҳрвандоне дониста шуданд, ки аз Умра (Ҳаҷ) аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд. Ҳамтоёни тоҷики онҳо, ки ҳамин гуна зиёратро анҷом додаанд, чӣ вазъ доранд, маълум нест.

Дар бораи коронавирус чӣ медонед? Худро санҷед

Дар бораи коронавирус чӣ медонед? Худро санҷед

Ҷавобҳои Шумо ба суолҳои мо

Мудири Пажуҳишгоҳи илмиву тадқиқотии ваксина ва хунобаҳои ба номи Мечникова дар Русия Виталий Зверев дар мусоҳиба бо “Спутник” аз ҳамкасбони тоҷикаш даъват кардааст, ки омори мавридҳои сироят шудани сокинони Тоҷикистон ба пневманияро аз оғози соли 2020 дунбол кунанд. "Он метавонад аз зуком ё бактерия бошад. Агар вақтҳои ахир мавридҳои дақиқи пневмонияи сироятӣ бештар ба назар расанд, ин аллакай занги хатар аст", – чунин меҳисобад вирусшинос.

"Мо чизеро наметавонем таъйид кунем"

Як вирусшиноси тоҷик аз Душанбе ба шарти набурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, таъйиди будан ё набудани вирус барои мутахассисон ҳоло тақрибан номумкин аст.

"Вале як чизро метавон гуфт, ки дар мо сироятшавии ҳамагонӣ ҳоло нест, зеро кишвар ва шаҳри мо майда аст ва чизеро намешавад пинҳон кард", - мегӯяд вирусолог. Ин мутахассис афзуд, ду навъи санҷиш барои муайян кардани сироят ба коронавирус мавҷуд аст. Тестҳои сареъ (зуд), ки натиҷаро баъди 15-20 дақиқа медиҳанд, вале бисёр дақиқ нестанд ва ВЗП (вокуниши занҷираи полимероз)-тестҳо, ки тавассути таҷҳизоти вижа дар тӯли 9-10 соат гузаронида мешавад ва хулосаи дақиқ дорад.

"Чунин имкониатро намояндагии СҶБ дорад, ки бо пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии тиббии пешгирикунанда дар Душанбе кор мекунад. Барои ҳамин санҷишҳои оммавӣ дар кишвар ҳанӯз гузаронида нашудааст”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

"Бори дигар бояд ба тавсияҳои СҶБ гӯш дод"

Даврон Муҳаммадиев, доктори улуми тиб, раҳбари барномаи тандурустии минтақаи Аврупои Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мегӯяд, чораҳои андешидаи Тоҷикистон барои роҳ надодан ба паҳншавии COVID-19 ҳанӯз пештар, тақрибан дар тамоми кишварҳо рӯйи даст гирифта шуда буданд, вале кофӣ набуданд. Паҳншавии вирус ба сурати пешрафти ҳандасӣ густариш ёфт.

Ба гуфтаи вай, кишварҳои дорои низоми тандурустии қавие чун Итолиё, Испониё, Олмон, Русия бо баъзе таъхир иқдомоти тавсиядодаи СҶБ-ро роҳандозӣ карданд, вале ба паҳншавии ҳамагонии уфунат роҳ доданд.

"Аз ин рӯ, аз нигоҳи ман, Тоҷикистонро зарур аст, ки ба тавсияҳои хеле сода, вале муҳиму илман асосноки СҶБ гӯш диҳад: роҳандозии чораҳоии сода, вале муассири муҳофизатии эпидемологие чун манъ кардани чорабиниҳои оммавӣ, бастани ошхонаҳо, нуқтаҳои тафреҳу дилхушӣ, таҳвили таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо ба шакли фосилавӣ ва тарғиби фаъолонаи фосилагирии иҷтимоӣ. Ин меъёрҳо ҳам аз нигоҳи тиббӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ муассиранд ва харҷи қобили мулоҳиза талаб намекунанд. Вале агар фурсати роҳ ёфтани уфунатро ба кишвар аз даст бидиҳем, хароҷоти бузурге дар пай хоҳанд дошт", - хулоса мекунад коршинос.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG