Майкл Ҷузеф Райан, мудири барномаҳои изтирории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар посух ба пурсишҳо оид ба омор ва маълумоти расмӣ аз сӯи кишварҳои мухталиф мегӯяд, ин созмон бояд тавозунро нигаҳ дорад ва ҳамчунин нигоҳи суолбарангез ба ин маълумот дошта бошад. Дар Тоҷикистон ҳам бархе ба омори мақомот дар бораи набудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус бо шубҳа менигаранд. Ҳарчанд намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтаи мақомоти тоҷикро таъйид мекунад.
Оқои Райан, ки аз мақомҳои баландпояи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аст, рӯзи 1-уми апрел дар нишасти хабарие, ки раиси ин созмон Тедрос Адҳаном Қибресус низ ҳузур дошт, ба пурсишҳо дар мавриди шаффофият ва қобили эътимод будани ин маълумот посух дод.
Ин пурсишҳо албатта дар мавриди кишварҳои мухталиф матраҳ аст. Барои намуна, омор ва маълумотҳо аз сӯи ҳукумати Чин -- кишваре, ки маҳали пайдоиши ин беморӣ аст, дар ин нишасти хабарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин шакку тардидҳо аз сӯи бархе масъулони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи маълумоти пешниҳодкардаи мақомоти Эрон аз шумораи қурбониён ва гирифторон, вуҷуд дорад.
Майкл Райан таъкид кардааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоот ва омори зиёде аз сӯи кишварҳои мухталаф, аз ҷумла аз сӯи ҳамкорони осиёии худ дарёфт мекунад. Ӯ мегӯяд, "бояд бисёр эҳтиёткор бошем".
Майкл Райан ҳамчунин ба зарурати назорат бар вазъияти кишварҳо, ки тестҳо чӣ гуна анҷом мешавад, таъкид кардааст. Райан мегӯяд, "бояд пурсишгар бошем ва хоҳем буд. Мо бо ҳар кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунем, то мутмаин шавем, ки беҳтарин маълумоти мумкинро дар ихтиёрамон мегузоранд".
Шаффофият дар пешниҳоди маълумот ва омор ба ниҳодҳои байналмилӣ кӯмак мекунад, то дар бораи паҳншавии ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он тадбирҳои зарурӣ рӯи даст бигиранд.
Бо ин вуҷуд, тардидҳо дар мавриди омори бархе кишварҳо, борҳо дар пурсишҳо аз мақомҳои ин ниҳод матраҳ шудааст. Дар Тоҷикистон аз 700 тести истифодашуда мавриди гирифторӣ ба COVID-19 ошкор нашудааст.
Ба навиштаи хабаргузории русии "Интерфакс", дар Тоҷикистон беш аз 700 тест барои ошкор кардани бемории COVID-19 анҷом дода шуда, ҳеҷ як мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ муайян нашудааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар Душанбе намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Галина Перфилева хабар додааст.
"Барои тасдиқи дурустии натиҷаҳои ин тестҳо Вазорати тандурустӣ якҷо бо СҶТ натиҷаҳои тестҳоро ба Москав ва Лондон фиристод. Ташхиси дубораи санҷишҳо низ аз ошкор нашудани ин беморӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ доданд. Ба ин тартиб, тасдиқ шуд, ки озмоишҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд анҷом шуда ва дар кишвар мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст",-гуфтааст Перфилева дар барномаи шабакаи телевизионии "Тоҷикистон".
Раиси дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон миқдори зарурии захираи тестҳо барои ошкорсозии коронавирус вуҷуд дорад. Дар моҳи феврал "Роспотребнадзор" ба Тоҷикистон ду ҳазор адад тестҳои ройгон ироа кард. Ҳафтаи гузашта ин созмон боз 20 ҳазор тестро ба Тоҷикистон фиристод. Ҳамчунин як ҳазор дона тест аз Олмон ба Тоҷикистон фиристода шуд. Тавофуқ шудааст, ки Чин низ тестҳои худро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.
Тибқи охирин гузоришҳо, шумораи гирифторон ба корона дар ҷаҳон ба ҳудуди 900 ҳазор нафар расидааст. То кунун 44 ҳазор нафар ҳам бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ин беморӣ аз ҳама бештар дар Италия, Испания, Эрон, Амрико ва Чин қурбонӣ доштааст.