Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Диссернет" олими дигари тоҷикро ба "плагиат" муттаҳам кард


Абдураҳмон Қурбонов
Абдураҳмон Қурбонов

Пойгоҳи "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, олими дигари тоҷикро ба "плагиат" ё рӯйбардор кардани бахше аз рисолаи илмиаш аз асари донишмандони рус айбдор кард.

"Диссернет" рӯзи 18-уми март навишт, Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳангоми таҳияи рисолаи "Ислоҳоти низоми маориф дар шароити трансформатсияи ҷомеаи Тоҷикистон" (таҳлили иҷтимоӣ ва фалсафӣ) беш аз ними онро аз асарҳои Геннадий Шелковников, Адия Сундукова, Олга Жукова, Ирина Яковлева ва дигарон гирифтааст.

Қурбонов соли 2018 узви Шӯрои экспертии Кумисюни олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон дар бахши фалсафа, ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ таъин шуда буд.

Пойгоҳи "Диссернет" дар хулосааш менависад, ки дар рисолаи Абдураҳмон Қурбонов калимаи "Россия" ба "Тоҷикистон" иваз шуда, вале маълумоти асосӣ бетағйир мондааст ва "ин нишонаи тақаллуби илмӣ аст".

То ин дам назари Абдураҳмон Қурбонов ба хулосаи "Диссернет" дастрас нест. Дар сурати шарҳ доданаш, назари ӯро низ нашр хоҳем кард.

Аммо хулосаи "Диссернет" дар рӯзе нашр шуд, ки президенти Тоҷикистон ​дар мулоқоти солонааш бо зиёиён аз асардуздии олимони тоҷик ва ифшо шудани 40 мавриди он тавассути пойгоҳи "Диссернет" танқид кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми март гуфт, аз ин ба баъд ҳар мансбадоре, ки майли навиштану дифои рисолаи илмиро дорад, бояд аввал аризаи истеъфояшро нависад ва сипас ба илм машғул шавад.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет" асосан соли 2018 бештар ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Дар байни онҳо номи мансабдорони баландпояи тоҷик Давлаталӣ Саид - муовини нахуствазир ва ёвари президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон низ ҳаст.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

XS
SM
MD
LG