Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия қариб $2,6 миллиард фиристодаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 576 миллион доллар фиристодаанд. Дар ин бора Бонки Марказии Русия рӯзи 17-уми март маълумот нашр кард.

Интиқоли пули муҳоҷирон дар муқоиса ба соли 2018, 23 миллион доллар бештар будааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол инҷониб аз ифшои маълумот дар бораи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон худдорӣ меварзад.

Дар ҳамин ҳол, аз Тоҷикистон ба Русия соли гузашта 105 миллион доллар фиристода шудааст.

Ба иттилои Бонки Марказии Русия, соли гузашта аз ин кишвар беш аз ҳама ба Швейтсария (5,9 миллиард доллар) ва ба Узбекистон (4,7 миллиард доллар) пул интиқол додаанд.

Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар се соли охир қариб бе тағйир мондааст. Соли 2018 муҳоҷирони корӣ 2 миллиарду 553 миллион доллар фиристода буданд, ки назар ба соли 2017 ҳамагӣ 17 миллион доллар бештар буд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар ин кишвар ҳудуди 1 миллион муҳоҷири тоҷик ҳузур доранд. Бино ба арзёбии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон даромади ҳар чорумин хонавода аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст.

XS
SM
MD
LG