Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон аз рӯзи 16-уми март ба муддати ду ҳафта қатъ шудааст. То ин вақт ҳавопаймоҳои ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ва "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Тошканд ва баръакс парвозҳо анҷом медоданд. Узбекистон пас аз сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус, иртиботи ҳавоиро бо шуморе аз кишварҳоро қатъ кард.
Як масъули намояндагии ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" дар Душанбе 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Узбекистон ба муҳлати номуайян қатъ шудаанд ва маълум нест, ки кай аз сар гирифта мешаванд. Ин масъули ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" гуфт, тасмими қатъи парвозҳо аз ҷониби Узбекистон гирифта шудааст.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, парвозҳо ба Узбекистон то 28-уми март қатъ шудааст.
Ширкати "Сомон Эйр" низ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба самти Тошканд қатъ шудаанд. Масъулини ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, қатъи парвозҳо тасмими ҷониби Узбекистон мебошад.
Аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Узбекистон ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ва рӯзҳои ҷумъа ширкати "Сомон Эйр" парвоз анҷом медод. Масъулини ширкати "Сомон Эйр" мегӯянд, маблағи мусофиронеро, ки ба самти Тошканд билет харидаанд, бозпас медиҳанд.
Парвозҳо аз Тоҷикистон ба Узбекистон аз соли 2018 ва баъди гарм шудани равобити ду кишвар оғоз шуда буданд.
Мақомоти Узбекистон рӯзи 15-уми март гуфтанд дар ин кишвар як мавриди сирояти коронавирус ё COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва ба ин хотир иртиботи ҳавоӣ қатъ мегардад. Рӯзи 16-уми март шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Узбекистон ба 4 тан расид.
Абдулло Орифов, нахуствазири Узбекистон рӯзи гузашта ҳангми як брифинг гуфт, аз рӯзи 16-уми март иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар ва вуруди хориҷиҳо ба Узбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ манъ карда мешавад. Ҳаракати қатори роҳи оҳан баъд аз се рӯз қатъ мегардад.
Дар пайи хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон ба ҷуз аз Узбекистон инчунин чандин хатсайрҳои дигар аз Тоҷикистон низ қатъ шудаанд. Аз ҷумла, ҳамаи парвозҳо ба самти Чин, Эрон ва Афғонистон низ қатъ шудаанд. Ахиран ягона парвоз аз Тоҷикистон ба Аврупо, ки ҳафтае як бор аз сӯи ширкати "Сомон Эйр" анҷом мешуд низ қатъ гардид. Ҳарчанд масъулини ширкат қатъи парвозҳоро ба камии мусофирон рабт медиҳанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!