Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани марзи Узбекистон ба хотири вирус муҳоҷирони тоҷикро сарсон кард. ВИДЕО, АКС


Ҷое, ки муҳоҷирони тоҷик банд мондаанд
Ҷое, ки муҳоҷирони тоҷик банд мондаанд

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд.

Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус марзҳои худро аз рӯзи 16-уми март ба рӯйи хориҷиён баст. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ин иқдом ногаҳонӣ буд ва онҳо бо зану кӯдаконашон беш аз панҷ соат боз дар сарҳад банд мондаанд.

Абдулло, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 16-уми март дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро дар гузаргоҳи марзии Навоӣ боздоштаанд ва ба ҷуз аз шаҳрвандони Узбекистон, ба дигар ашхос иҷозаи гузаштан намедиҳанд.

"Марзбонони қазоқ гуфтанд, ки Узбекистон ба ҷуз аз шаҳрвандони худ ба сокинони кишварҳои дигар иҷозаи гузаштан аз хокашро намедиҳад", - афзуд ӯ.

Парвиз, шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар марз дармондааст, гуфт, теъдоди онҳо беш аз дусад нафар аст ва дар миёнашон занону кӯдакон низ ҳастанд. Ӯ гуфт: "Бо кӯдакону занон дар шароити вазнин дар минтақаи транзитӣ истодаем. Бисёре аз бачаҳо аз Русия депортатсия шудаанд. На ин тараф рафта метавонем, на он тараф. Аз соати 12-и шаб сарҳадро бастаанд."

Ин гуруҳи муҳоҷирон гуфтанд, ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон муроҷиат кардаанд, вале то ба ҳол ба мушкилашон расидагӣ нашудааст. Масъулони сафорат то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз дармондан дар марзи Узбекистон дар ҳолест, ки мақомоти узбек баъди пайдо шудани вируси корона дар ин кишвар сарҳадҳои худро бастанд.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 15-уми март нахустин ҳолати гирифтор шудани шаҳрвандони ин кишварро ба вируси хатарноки КОВИД-19 тасдиқ карданд. Дар пайи ин Абдулло Орифов, сарвазири Узбекистон зимни як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт, аз рӯзи душанбе иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар ва вуруди хориҷиҳо ба Узбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ манъ карда мешавад. Ҳаракати қатори роҳи оҳан баъд аз се рӯз қатъ мегардад.

Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, сарвазир Абдулло Орифов афзудааст, мактабҳо низ дастикам барои се ҳафта таътил шуда, маъракаҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз бекор мегарданд.

Қаблан Узбекистон парвози ҳавопаймоҳоро аз Эрону Ҷопон, Афғонистон ва Итолиё манъ карда буд. Ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо аз Кореяи Ҷанубӣ ба Узбекистон маҳдуд карда шудааст. Ба ҷуз ин, Вазорати умури хориҷии Узбекистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, аз сафар ба Ҳиндустону Тайланд худдорӣ варзанд.

Узбекистон кишвари дувуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар қаламрави он вируси хатарнокро сабт кардаанд. Дар Қазоқистон нӯҳ мавриди гирифтории сокинон, аз ҷумла духтари дувоздаҳсола, ба ин вирус тасдиқ шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, расман мегӯянд, ки то кунун ҳеч мавриди мубтало шудани сокинон ба ин вирусро сабт накардаанд. Вале ҳафтаи гузашта ду манбаъ дар ниҳодҳои тандурустии Туркманистон аз гирифтор шудани чанд нафар ба ин вирус гузориш дода буданд.

Вируси хатарноки КОВИД-19, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то кунун дар даҳҳо кишвар беш аз 156 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги тақрибан 6 ҳазор нафар шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG