Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати худдории муваққатӣ аз намозгузорӣ дар масҷид ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус


Мақомот мегӯянд, масҷидҳо макони таҷаммӯи шумори зиёди мардум аст ва ба ҳамин хотир машварат медиҳанд, ки муваққатан аз ширкат дар намози ҷамоат худдорӣ кунанд
Мақомот мегӯянд, масҷидҳо макони таҷаммӯи шумори зиёди мардум аст ва ба ҳамин хотир машварат медиҳанд, ки муваққатан аз ширкат дар намози ҷамоат худдорӣ кунанд

Дар се масҷиди шаҳри шаҳри Душанбе рӯзи 3 март ба намозгузорон эълон кардаанд, ки муваққатан аз намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ кунанд. Чунин машварат ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳн шудани коронавирус карда шудааст.

Шоми сешанбе намозгузорон аз се масҷиди пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин эълонро аз забони домуллоҳо шунидаанд. Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, имрӯз ба намозгузорон эълон карданд, ки муваққатан аз омадан ба масҷид ва хондани намози ҷамоат дар масҷид худдорӣ намоянд. Ӯ иброз дошт ин иқдом ба хотри пешгири аз хатари сирояти коронавирус буда, ба нафъи сокинон аст.

Пешнамози Масҷиди ҷомеи Шоҳмансур, воқеъ дар назди бемористони “Ёрии таъҷилӣ”, рӯзи 3 март қабл аз намозҳои шом ва хуфтан эълон кард, ки бинобар хатари паҳншавии коронавирус, намозҳо ба таври дастаҷамъӣ ё боҷамоат гузорида намешаванд. “Қавмҳои азиз, моро дуруст фаҳмед, супориш аст”, - афзуд вай. Аммо вай нагуфт, ки аз кадом ниҳод чунин супориш дарёфт карданд.

Дар ҳамин ҳол, муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, аз манъи адои намози ҷамоат хабар надорад, аммо гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи Эрон ва Афғонистон дар сурати пеш омадани зарурат чунин амр гирифта мешавад.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ки "ин як тасмими пешгирикунандаи бевосита худи ходимони дин ва ҳайати муассисони масоҷид мебошад, ки дар асоси вазъи баамаломада ва тавсияҳои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шудааст".

Сухангӯи Кумитаи дин ҳамзамон гуфт, дар ҳамаи масҷидҳои кишвар аз ҷониби мақомот вазъи карантинӣ эълон нашудааст ва эҳтимол дар рӯзҳои баъдӣ ба таври муваққатӣ дар ҳамаи масоҷид вазъи карантин эълон шавад.

Мирҳомиддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин масъала низ чун як роҳи ҷилавгирӣ аз хатари сирояти коронавирус дар ҳоли баррасӣ аст: “Агар зарурат пеш омад ин тадбир роҳандозӣ мешавад”.

Коронавирус декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар 40 кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон беш аз 3000 нафар ҷон бохта, ҳудуди 87 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Дар Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот ҳеҷ ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, тадбирҳои санҷиш ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирус рӯи даст гирифта шудааст. Аз ҷумла, беш аз як ҳазор нафар, асосан онҳое, ки аз Чину дигар кишварҳо сафар кардаанд, аз 14 рӯзи карантин гузашта, баъдан ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд. Дар як ҷаласаи ахири ситод оид ба пешгирии коронавирус, ки рӯзи 28 феврал дар назди президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, президент супориш дод, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус “дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷидҳо, тӯю маъракаҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас” андешида шавад.

XS
SM
MD
LG