Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар СММ барномаи нави муқобила бо силоҳу терроризм дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд


Владимир Воронков (дар миёна) барномаи навро дар як ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк муаррифӣ кард
Владимир Воронков (дар миёна) барномаи навро дар як ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк муаррифӣ кард

СММ барномаи нави мубориза бо терроризм, силоҳ ва ҷинояткориро муррифӣ кард, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Сармоягузорони аслии ин барнома, ки 21 феврал дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар ҳузури сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди ин созмон муаррифӣ шуд, Арабистони Саудӣ ва Русия мебошанд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин кишвар барои татбиқи барнома ним миллион доллар маблағ додааст. Арзиши пурраи ин тарҳ феълан маълум нест.

Владимир Воронков, раиси дафтари мубориза бо терроризми СММ ва муовини дабири кулли ин созмон, ки барномаи навро муаррифӣ кард, гуфт, ҳадафи аслии ин барнома роҳ надодан ба вуруди силоҳ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки боиси афзоиши терроризм мешавад. Ӯ гуфт, «вокуниши нокифояи байналмилалӣ дар муқобила бо қочоқи ғайриқонунии силоҳҳои хурд ва сабук, чолишҳое, ки дар пешорӯи кишварҳои узв қарор дорад, инчунин, сарҳадҳои дорои мушкил ба террористону ҷинояткорон иҷоза медиҳанд, ки силоҳҳои сабуки бештарро аз як кишвар ба минтақаи дигар интиқол диҳанд».

Барномаи нави мубориза бо терроризму силоҳ ва ҷинояткорӣ дар чаҳорчӯби стартегияи СММ оид ба мубориза бо терроризм дар саросари ҷаҳон ва дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дигари ин ниҳод, аз ҷумла, дафтари муқобила бо қочоқи маводи мухаддир таҳия шудааст. Воронков гуфт: «Марҳилаи аввали иҷрои ин барнома татбиқи 17 масъала дар 15 моҳро дар бар мегирад. Дар миёни ин барномаҳо боздид аз кишварҳо, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва конфронсҳои минтақавӣ ҳам дар назар гирифта шудааст».

Воронков нагуфт, ки оё чӣ ҳаҷми вуруди силоҳҳои ғайриқонунӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст, вале дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки силоҳҳои ошкоршавандаи ғайриқонунӣ дар ин кишвар бештар мероси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад. Охирин мавриди даъвати мақомот дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунӣ аз мардум дар паи ҳодисаҳои соли 2018 дар Хоруғ садо дода буд.

Василий Небезня, сафири Русия дар СММ гуфт, ки саҳми ин кишвар дар ин барнома инчунин аз кӯмаки коршиносона ҳам иборат мешавад. Ӯ хабар дод, ки рӯзи 19 феврал миёни дафтари СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як ёддошти тафоҳум имзо шуд. Зимнан, раҳбари ин созмон Ҷумъахон Ғиёсов дар ҷаласаи муаррифии барномаи нави СММ иштирок кард. Ин созмон, ки зери назари Русия ташкил шудааст, ташаккули минтақавии сиёсӣ арзёбӣ мешавад, ки кишварҳои ОМ ва Чин ҳам аъзояш мебошанд, мубориза бо терроризму ифротгароиро яке аз ҳадафҳои худ медонад.

Воронков зимни сӯҳбат бо журналистон баъди муаррифии тарҳ гуфт, ки як ҳадафи барнома – мушаххас кардани манбаъҳои дастрасии террористон ба силоҳ мебошад.

Мақомот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мегӯянд, ки баъди заъиф шудани мавқеи ҷангҷӯёни «Давлати Исломӣ» дар Ховари Миёна бархе аъзои он ба қаламравҳои аз назари амниятӣ заъифи дигар, мисли Афғонистон ҳам интиқол меёбанд. Дар баробари таҳдидҳои дарозмуддати мисли қочоқи маводи мухаддир ва хатари убури гурӯҳҳои ифротиву террористии дигар, «Давлати исломӣ» як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишварҳои минтақа мебошад. Дар изҳороти мухталифи мақомоти тоҷик ҳам дар гузашта дар бораи таҷаммӯи ҳазорҳо ҷангҷӯёни ифротӣ дар наздикиҳои он сӯи марз хабар дода шуд. Мақомоти Русия низ борҳо гуфтанд, ки ҳазорон ҷангҷӯи созмонҳои тундрав дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд. Бисёре аз коршиносон, ҳарфи мақомдорони русро бештар тарғиботе барои тарс додани раҳбарони кишварҳои ОМ медонанд. Аммо дар умум, ҳама кишварҳо ба вуҷуди хатар аз Афғонистон таъкид мекунанд.

Феълан ҷузъиёти иҷрои барномаи СММ оид ба муқобила бо силоҳу терроризм маълум нест, ҳамчунон, ки мушаххас нест оё ин барнома кори худро дар Тоҷикистон чигуна ба роҳ мемонад. То ҳол мақомоти тоҷик дар муқобила бо террозиму ифротгароӣ ва таҳкими марзаш бо ИМА, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Чин ва дигар ҷонибҳо ҳамкорӣ кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG