Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қонуншиканӣ набуд"? Вазир қазияи Нилуфар Раҷабоваро шарҳ дод. ВИДЕО


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зердастонаш дар қазияи Нилуфар Раҷабова, ягон қонуншиканӣ накардаанд. Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ иддао дорад, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино аз ҷониби кормандони милиса таҳқир ва таҳдид ба таҷовуз шудааст.

Аммо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, таҳқиқҳои зиёди онҳо нишон дод, ки кормандони милиса дар қазияи Нилуфар Раҷабова ягон қонуншиканӣ накардаанд. Раҳимзода гуфт, додгоҳ ба қазияи Раҷабова нуқта гузоштааст ва ӯ нисбати кормандони давлатӣ беэҳтиромӣ кард.

"Падараш барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ 28 сол дар маҳбас аст ва бародараш барои ин кирдор дар кофтукоб мебошад. Худаш (Нилуфар Раҷабова) барои беэҳтиромӣ ҷарима шуд. Санҷишҳои мо нишон дод, ки кормандони мо қонуншиканӣ накарданд",-гуфт Вазири корҳои дохилӣ.

Рамазон Раҳимзода дар ҳоле ба бегуноҳии кормандонаш дар қазияи Нилуфар Раҷабова таъкид мекунад, ки Кумита занон як кормандашро барои ин кор танбеҳ дод.

Нилуфар Раҷабова дар нимаҳои моҳи декабр дар ҷараёни корҳои "фаҳмондадиҳӣ"-и мақомот зидди "либос ва фарҳанги бегона", ба идораи пулис бурда шуд ва баъдан шикоят кард, ки азият шудааст. Дар ҷараёни корҳои "фаҳмондадиҳӣ", маъмулан намояндагони Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок мекунанд. Мақомот баъдан Раҷабоваро ба "майдаавбошӣ" муттаҳам карданд.

Вазир дар бораи қазияи Нилуфар ва ҷинояткории ноболиғон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Қазияи боздошт ва ҳозир кардани Нилуфар ба идораи пулис дар моҳи декабри гузашта, сару садоҳоеро ба миён овард. Нилуфар Раҷабова пас аз берун шудан аз идораи пулис қазияи худро расонаӣ кард ва аз хушунат ва озор аз сӯи пулис ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурд.

Аммо рӯзи 18-уми декабр Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи "майдаавбошӣ" 550 сомонӣ ҷарима баст. Нилуфар аз ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурд, аммо рӯзи 22-юми январ додгоҳ онро бетағйир гузоштааст.

Ин зани ҷавон дар ҳоле барои доштани рӯсарӣ ба идораи пулис бурда шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд.

Аммо чанд соли ахир назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони идораҳои давлатӣ пӯшидани либоси мазҳабиро манъ кардаанд. Худи Нилуфар Раҷабова мегӯяд ҷарима шуданаш бо гуноҳи майдаавбошӣ баъди он сурат гирифт, ки қазияи худро расонаӣ кард.

Созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз боздошту бозпурсии пайвандони фаъолони сиёсӣ аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки фишор алайҳи хонаводаҳои онҳо дар кишварро қатъ кунанд. Ин ниҳодҳо менавиштанд, истифодаи пайвандони аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидони ҳукумат, ҳуқуқи аслии инсонро поймол мекунад ва баёнгари таҳаммулнопазирии ҳукумат дар баробари дигарандешист.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG