Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи қазияи Далер Шарифов


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз панҷ рӯз сабаби боздошт ва ҳабси Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро шарҳ доданд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 1-уми феврал чоп шуд, Додситонии кул Шарифовро ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд.

Далер Шарифов
Далер Шарифов

Хонаводаи Далер Шарифов иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ ва нажодиву диниро напазируфта, онро беасос медонанд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил кор мекард ва мақолаҳои танқидӣ менавишт, аммо "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".

Дар изҳороти Додситонии кул ба рисолае ҳам ишора шудааст, ки моҳи июни соли 2019 бо теъдоди 100 нусха чоп шудааст.

Мақомот мегӯянд, тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, "рисола дар ҳошияи консепсияи ҷараёни "Ихвон-ул-муслимин" ("Бародарони мусулмон"), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд."

Пайвандони Далер Шарифов ба ин иттиҳом бовар надоранд.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманди тоҷик, ки ба ин рисола пешгуфтор навиштааст, мегӯяд, "ин китобча аслан навишта ва гуфтаҳои мутафаккирон ва нависандагони машҳури шарқу ғарб дар бораи шахсияти паёмбари Ислом аст, на чизи дигар."

Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.

Ӯ рӯзи 28-уми январ барои "суҳбат" даъват шуда, дигар раҳо нагардид. Дар оғоз мақомоти амниятӣ гуфтанд, ӯро бозпурсӣ мекунанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30-юми январ амр дод, ки ӯ ду моҳ дар ҳабс бимонад.

Вакилони мудофеъ ва баъзе аз созмонҳои хабарнигорӣ раҳоии ӯро талаб кардаанд. Мақомот ҳанӯз ба ин дархост ҷавоб надоданд.

XS
SM
MD
LG