Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот ба Конститутсияи Русия. Путин чӣ пешниҳод дорад?


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе лоиҳаи қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишварро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иттилоъ дод.

Ба огаҳии сомонаи Дума, қарор аст, ба банди 22-уми Конститутсияи Русия тағйирот ворид карда шавад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки ниҳоди нави давлатӣ -- Шӯрои давлатӣ таъсис ёбад. Ин шӯроро президенти Русия бо ҳадафи таъмини фаъолият ва ҳамкории ҳамоҳангшудаи ниҳодҳои давлатӣ, таъйини самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Русия, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат таъсис доданист.

Ҳамчунин Думаи давлатӣ бояд ҳаққи тасдиқи номзадии раиси ҳукуматро бо пешниҳоди президент ва номзадии муовинони сарвазир ва вазиронро, ба ҷуз аз раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ бо пешниҳоди сарвазир дарёфт кунад. Раҳбарони ниҳодҳои қудратиро президент дар машварат бо Шӯрои федеролӣ тасдиқ хоҳад кард.

Бар асоси лоиҳаи қонун, калимаи "пайиҳам" аз банди Конститутсия дар бораи давраҳои президентӣ ҳазф хоҳад шуд: "Як одам наметавонад беш аз ду давра Русияро раҳбарӣ кунад". Ин маънои онро дорад, ки Путин баъди соли 2024 дигар президенти Русия шуда наметавонад.

Тибқи ваъда, Путин барои вакилони порлумон, аъзои Шӯрои федеролӣ, вазирон ва додрасҳо маҳдудиятҳоеро ҷорӣ мекунад. Ин афрод ҳаққи дарёфти шаҳрвандӣ ё иҷозати будубоши доимӣ дар кишвари хориҷиро надоранд. Президенти Русия шахсе интихоб хоҳад шуд, ки дасти кам 25 соли ахир дар ин кишвар зиндагӣ кардаааст ва дар гузашта шаҳрвандӣ ё ҳаққи иҷозати доимӣ дар кишвари хориҷиро надошта бошад.

Президенти Русия 15 январ ҳангоми ироаи паёмаш гуфта буд, ки мехоҳад Конститутсияи кишвараш тағйир дода шавад. Ба иттилои РБК, раъйпурсии умумӣ дар ин бора 12 апрел баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG