Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо сар чорво аз Кокули Фархор ба куҷо "ғайб" зад? ВИДЕО


Дар як моҳи ахир даҳҳо чорвои сокинон дар деҳаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ҳаммарз бо Тахори Афғонистон, гум шудааст. Мардум тахмин мезананд, ки шояд чорворо ба он сӯи марз, ба Афғонистон бурдаанд. Мақомот мегӯянд, вазъи пешомадаро таҳқиқ доранд ва аз ҳоло ба чунин хулоса расидан барвақт аст.

Гулбаҳор Ораева, сокини деҳаи Кокул, гуфт, ки танҳо дар як шаб панҷ гови ӯро рабудаанд. "Говҳоро ба чаро бурда будем, бегоҳӣ наёфтем. Дар ҳамон ҷо гум шудааст. Баъдан шунидем, ки 3 аспи ҳамсояро низ бурдаанд," -- нақл кард ӯ.

Гумшавии чорво сокинони деҳаи Кокулро шигифтзада кардааст. Аксари онҳо мегӯянд, ҷустуҷӯи чорво ҳеч натиҷае намедиҳад ва барои пайдо карданаш ба мақомот низ муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи Ғалатой Холова, сокини деҳаи Кокул, дар се моҳ 11 говаш гум шуд ва ҳафтаи пеш 13-тои дигар "ғайб" зад. Ӯ мегӯяд, танҳо як говашро пайдо кард, ки он ҳар дар дохили хатти марз буд.

Чорвои сокинони Кокули Фархор куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Даромади асосии сокинони деҳаи Кокул аз чорвопарварӣ аст ва ҳоло шуморе аз онҳо пурра аз ин манбаи даромад маҳрум шуданд.

Ҳамин тавр, шаш гови Гулбаҳор Давлатова, сокини деҳаи Кокул низ ба таври асроромез нопадид шудааст. Ӯ мегӯяд, "рӯзи 5-уми декабр соати 6-и саҳар гови калони ширдеҳи мо гум шуд. Гове, ки бо ширу ҷурғоташ бахше аз зиндагии моро таъмин мекард, куҷо шуд, намедонам. Баъзе афрод гуфтанд, ки дар марз симхорҳои буридаро дидаанд."

Сокинон мегӯянд, дар ин робита чанд дафъа ба мақомоти интизомии ноҳия муроҷиат карданд, аммо ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз ҳодиса таҳқиқ нашудаанд. Иддаое, ки раиси ноҳияи Фархор онро рад мекунад.

Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Фархор рӯзи 8-уми январ гуфт, "мақомот кор карда истодаанд ва чизе ба даст омад, ба иттилои матбуот мерасонем".

Ба гуфтаи сокинон, тӯли беш аз як моҳ ҳудуди 100 чорво аз деҳаи Кокул гум шудааст. Ҳароси онҳо бештар аз он аст, ки чорвояшонро аз дохили манзил, аз оғилхонаҳо ва аз чарогоҳҳои назди хонаашон мерабоянд. Ва мутмаинанд, ки ин ҳодисаҳо тасодуфӣ нест, зеро осори дуздии сартосариро ошкоро эҳсос кардаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG