Русия ва Украина тавофуқи панҷсолаи интиқоли гази Русия ба Аврупоро бо ҳам имзо карданд.
Ин созишнома ҳафт миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия бо нашри як эъломия ва Владимир Зеленский, президенти Украина дар шабакаҳои иҷтимои ин хабарро тасдиқ карданд.
Қарор буд созишномаи қаблӣ миёни ду кишвар дар ин замина рӯзи 31-уми декабр ба поён бирасад.
Агар созишнома тамдид намешуд, интиқоли гази Русия дар зимистон ба Аврупои Ғарбӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешуд.