Хабарнигорони “Тахти Қубод” – нашрияи ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон – рӯзи 20-уми декабр саҳифаи аввали рӯзномаро холӣ чоп кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин иштибоҳ ё тасодуф нест, балки “норизоӣ аз холигоҳи иттилоотӣ ва ҳамкорӣ накардани мақомот бо хабарнигорон” аст.
Дар гузашта баъзе аз расонаҳо ба ин тарз эътирози худро аз бебарқӣ ва мушкилҳои дигар баён дошта буданд, вале бори аввал аст, ки як нашрияи ҳукуматӣ чунин корро мекунад. Мақомоти ноҳияи Қубодиён расман дар ин бора чизе нагуфтаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, онҳо аз сардабири нашрия далели чунин рафторашро пурсидаанд.
Адолат Сайфуллозода, сардабири “Тахти Қубод”, дар саҳифаи дувум ва дар мақолаи "Дарахт аз реша мегирад ғизои баркамолиро" саҳифаи холии нашрияро ба оина монанд карда ва гуфтааст, масъулон бояд худро дар ин оина бубинанд. Сайфуллозода 7 соли ахир дар ин нашрия ба ҳайси сармуҳаррир кор мекунад.
“Саҳифаро оинасон пешорӯят холӣ мегузорад, то битавонӣ чеҳраи пуртаровату пурнур ва пурожанги худро бубинӣ,” -- навиштааст ӯ.
Сайфуллозода рӯзи 24-уми декабр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ин саҳифаи холӣ ӯ фазои холии идеологӣ ва итилоотиро дар ноҳия тасвир кардааст. Ба қавли ӯ, дар ноҳия на масъулон ва на фаъолон бо расонаҳо ҳамкорӣ надоранд: "Тайи як сол як омӯзгор як мутахассиси ҳукумат ҳамагӣ чанд сатр навишта дода натавонистааст."
Аз аввали имсол то кунун 51 шумораи ҳафтаномаи "Тахти Қубод" чоп шудааст. Рӯзнома аз ҳашт саҳифа иборат аст ва ягона нашрияи таҳлилӣ аст, ки дар ноҳия аз дастовард ва мушкилот менависад.
Адолат Сайфуллозода мегӯяд, дар нашрия 2 омӯзгор нимбастӣ кор мекунанд, аммо бо вуҷуди ин талош мекунанд тамоми мушкилоту мавзӯъҳои доғро баррасӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, медонад, ки ин эътироз ва холӣ мондани саҳифаи аввали нашрия ба масъулон, аз ҷумла раиси ноҳия хуш намеояд, аммо мегӯяд, "ман журналист ҳастам, ба ранҷидани касе кор надорам. Медонам, ки раиси ноҳия ва дигар масъулони идеологӣ хафа мешаванд. Вале ҳар кас бояд инро қабул кунад, ки мушкилоти ҷомеа бо як журналист обод намешавад.”
Сардабири нашрияи "Тахти Қубод" дар матлабаш дар шарҳи холӣ мондани саҳифаи аввали нашрия ҳам таъкид кардааст, ки сатри холӣ ба ҳеч ваҷҳ ба маънои бемавзӯъ мондани хабарнигорони нашрия нест. Балки, ба гуфтаи ӯ, "ин холигиҳо ҳарфи ногуфтаи ману ту аст".
Нашри шумораи ахири рӯзномаи "Тахти Қубод" бо саҳифаи сафеду холӣ дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир аксари хабарнигорон ва соҳибони расонаҳо дар Тоҷикистон аз беиттилоӣ ва адами ҳамкории мақомот бо расонаҳо ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ шикоят мекунанд.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси пешини Шӯрои ВАО ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ин навъи эътироз дар матбуотро қонун манъ накардааст. Бо чунин шева, ба гуфтаи ӯ, нашрия таваҷҷуҳи муассис ва ҷомеаро ба худ ҷалб мекунад.
Шарифзода аз шеваҳои ба ин монанди эътирозҳо дар матбуоти тоҷик ёдрас шуд, ки дар гузашта аз ҷониби сардабирону хабарнигорон истифода шудааст: “Соли 1989 дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ду сутунро холӣ мондем ба таваҷҷуҳи муассиса, ки аз ҷиҳати молӣ кам дастгирӣ меёбем. “Паёми Душанбе” ҳам соли 1990 худро аз Кумитаи ҳизбӣ ва шӯрои шаҳрӣ озод эълон карда буд, яъне талоқ хоста буд. Баъд “Тоҷикистони Шӯравӣ” дар даврони Муҳаббатшоев аз ҳизби коммунист талоқ хоста, худро озод эълон карда буд. Яъне, чунин амалҳо қонунӣ аст ва дар таърихи матбуоти тоҷик ба ҳар шакл истифода шудааст.”
Нашрияи “Тахти Қубод” аз тарафи ҳукумати ноҳияи Қубодиён сармоягузорӣ мешавад ва ҳар ҳафта бо теъдоди 3100 нусха чоп мешавад. Соли 2018 дар рӯзи иди матбуот “Тахти Қубод” дар озмуни “Нерӯи сухан” дар вилояти Хатлон рӯзномаи беҳтарин дониста шуда буд.