Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷазо ба ҷои музди кор, то ба нақши пулу мошинҳои гаронбаҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз дар Озодӣ Онлайн дар бораи он гап мезанем, ки чӣ гуна муҳоҷирон музди кор талаб мекунанд ва барои ҳақталабӣ танбеҳ мегиранд, дар бораи пораву ришвахорӣ дар Тоҷикистон ҳам мегуем, ки чӣ гуна ва кай аз байн меравад. Фирору фишори баланди аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз тарси микрофон, қисми дигари барнома аст.

Таъхир дар пардохти музди кор ва ё умуман надодани он масъалаест, ки ҳар рӯз аз муҳоҷирон мешунавем. Дар наворҳое, ки ба дасти мо расиданд, як муҳоҷирро мебинем, ки мегӯяд, кордеҳон ба онҳо ҷабр мекунанду, вале касе ба додашон намерасад.

Видеои дигар нишон медиҳад, ки чӣ гуна гурӯҳе аз муҳоҷирон аз тарси маъмурони пулиси Русия пойи лучу нимаурён гурехтаанд. Барои онки волидонашон ба ташвиш наафтанд, ин ҷавонон худро нишон надоданд.

Видеоҳои воқеан хуби дигар дорем, ки албатта нишон медиҳем, аммо ҳоло аз баҳси доғи шумо дар бораи як видео, ки Радиои Озодӣ нашр кард, сӯҳбат мекунем.

Инҳо вакилони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳастанд, ки рӯзи 13-уми декабр нахостанд, дар бораи анҷумани ҳизб сӯҳбат кунанд. Барои чунин рафтор вакилонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус "Фейсбук" ончунон танқид кардаанд, ки ногуфтанӣ.

Аз ҷумла, Камил Раҳимов пурсидааст, "фишори яке баланд аст, дигарӣ намедонад, саввумӣ намедонад, чӣ гуна узви ҳизб шудааст. Яке мехоҳад ором бигардад, ба чаҳорумӣ раис иҷозат надодааст. Бо инҳо миллат куҷо меравад?"

Корбаре бо номи Шӯҳрат Мирзоев гуфтааст, фикр мекунӣ, хабарнигорон Азроиланд, ки вакилон аз онҳо мегурезанд.

Аммо Азизода Зубайдулло навиштааст, айб аз ин вакилон нест, айби онҳоест, ки дастур додаанд, ки онҳо сӯҳбат накунанд. Инҷо олимон ва сиёсатшиносон метавонистанд дар бораи дастовардҳои ҳизб ва нақшаҳои ояндаи он сухан гӯянд.

"Дар ҳама ҷой фақат ба тарафи пул нигоҳ мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

Як мушкили дигаре, ки ба қавли шумо бисёриҳоро ғам медиҳад, порагирӣ ва ё ришвахорӣ дар Тоҷикистон аст. Гузориши Радиои Озодӣ бо номи ҳосили чанд соли мубориза бо фасод, баҳси доғеро барангехт ва корбаре бо номи "Абонент" дар ин бора дар вебсайти мо навиштааст:

"Шумо як бор хона, мошин ва дачаҳои коргарони коррупсияро бинед, ҳамааш маълум мешавад. Шоҳ барин зиндагӣ мекунанд. Фасодро касе нобуд карданӣ нест".

Нафаре, ки худро Мардум муаррифӣ кардааст, мегӯяд, ки коррупсия ҳеҷгоҳ дар Тоҷикистон аз байн намеравад. Ба қавли ӯ, "агар коррупсияро решакан кунанд, табиб, омӯзгор ва ҳатто мансабдорон, ки музди ночиз мегиранд, коршиканӣ мекунанд. Агар ҳукумат музди корро боло барад, андозро кам кунад, коррупсия аз байн меравад".

Баҳсҳо дарозанд, вақти барномаи мо кам. Агар мехоҳед, ба баҳсҳо ҳамроҳ шавед, пас ба вебсайти озодӣ нуқта орг. сар бизанед.

Шумо ҳам хасисӣ накунед ва видеоҳоятонро бо мо тақсим кунед. Ба василаи шуморае, ки мебинед. Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва ИМо ҳам дорем. Имрӯз фиристед, дар Озодӣ Онлайни оянда бубинед. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG