Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва латту кӯби муҳоҷирони тоҷик дар Хабаровск. Якеро ихроҷ кардаанд. ВИДЕО


Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ карданд, ки чанде аз муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулиси вилояти Хабаровск латту кӯб шудаанд. Аз ин пеш мақомоти Қирғизистон низ гуфта буданд, ки дар Хабаровск чандин шаҳрванди он кишвар аз сӯи пулиси вижа ё нирӯҳои ОМОН латту кӯб шудаанд ва ба ин далел ба ҷониби Русия нота ё ёддошти эътирозӣ супурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, қазияро пайгирӣ доранд ва "дар сурати пурра исбот шудани латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон" ба ҷониби Русия нота мефиристанд.

Ҳодисаи боздошт ва латту кӯби як гуруҳ аз муҳоҷирон дар вилояти Хабаровск рӯзи 12-уми декабр рух додааст. Муҳоҷирон, ки асосан ронандагон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳастанд, мегӯянд, нирӯҳои ОМОН онҳоро боздошт ва давоми чанд соат задаанд.

Ронандагони муҳоҷир талаб доранд, ки ОМОН-и Хабаровск ба ҷавобгарӣ кашида шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, дар миёни муҳоҷирони боздоштшуда 10 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба иттилои онҳо "як нафар латту кӯб шудааст". Дар ҳоле ки муҳоҷирон мегӯянд, шумораи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон бештар аст.

Бахтиёр Сангинов, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи латту кӯб шудани муҳоҷири тоҷикро пайгирӣ доранд ва "расман изҳорот ба номи Федератсияи Русия вобаста ба латту кӯб пешниҳод карда мешавад."

Ба гуфтаи Сангинов, аз 10 тоҷике, ки дар ҷараёни амалиёти пулиси Хабаровск боздошт шуданд, 4 нафар ба хотири доштани шаҳрвандии Русия ва 4 нафари дигар баъди тафтиши санадҳо зуд озод шудаанд. "Танҳо ду муҳоҷири тоҷик -- Далер Исоев ва Ризо Сафаров бо сабаби нақзи қонунгузории будубоши Русия дар боздошт монданд ва аллакай қарори додгоҳ дар бораи ихроҷи Исоев содир шудааст", -- афзуд мусоҳиби мо.

Қарори додгоҳ барои ихроҷи Далер Исоев дар ҳоле содир мешавад, ки ба гуфтаи масъулини сафорати Тоҷикистон, аз миёни муҳоҷирони тоҷик танҳо ӯ аз сӯи кормандони пулиси Хабаровск латту кӯб шудааст. Аммо масъулони сафорат мушаххас нагуфтанд, ки дар ҳоли ихроҷи Исоев аз ҳудуди Русия, тафтиши шиканҷа шудани ӯ чӣ гуна сурат мегирад.

Қирғизистон қаблан бинобар боздошт ва латту кӯби шаҳрвандонаш дар шаҳри Хабаровск, ба Русия нота фиристодааст. Қодирбек Мирзобоев, консули Қирғизистон дар Хабаровск гуфт, барои дақиқ кардани қазия ба Вазорати умури дохилӣ, додситонӣ ва Хадамоти федеролии амнияти Русия нота фиристоданд.

Самарбек Усмон уулу, яке аз латтукӯбшудаҳо мегӯяд, кормандони ОМОН соати 10-и шаб ба таваққуфгоҳи автобусҳо омаданд. "Ҳамаи ронандаҳоро боздошт карданд. Моро заданд ва ҳуҷҷатҳоро гирифтанд. То субҳ заданд. Ба далели надоштани шиноснома, маро дар бемористон қабул накарданд. Ҳоло бо қабурғаи шикаста дар хона бистариам. Ба мо ҳатто имкон надоданд, ки пурсем - чаро моро мезананд. Даҳ нафар-даҳ нафар ба як ҳуҷра дохил карданду се корманди ОМОН бо "дубинка" заданд. Ҳамаашон ниқоб доштанд",-гуфт ин муҳоҷири қирғизистонӣ.

Ҷиргалбек, муҳоҷири дигари қирғиз гуфт, онҳоро дар бинои Воронеж 1, латту кӯб карданд. Харитаҳои онлайнӣ нишон медиҳанд, ки ин бинои Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хабаровск аст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, пеш аз латту кӯб пулис дурбинҳои назоратиро маҳкам кардааст.

"Дурбинҳоро пӯшониданд. Ба мо фармон доданд, ки заминро нигоҳ кунем ва латту кӯбро сар карданд. Ба сарамон дод мезаданд, ки мо чароғакро сурх мегузарем, бидуни билет мусофир мегирем. Онҳоро чеҳраҳои мо ба хашм меовард. Моро субҳ соати 4 раҳо карданд",-гуфт Ҷиргалбек.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, боздошти дастҷамъии муҳоҷирон, рӯзи 13-уми декабр боиси аз ҳаракат мондани нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хабаровск шудааст.

Мақомоти Русия то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Солона аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар бо мақсади дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Шикояти муҳоҷирон аз рафтори бади кормандони пулиси Русия тақрибан ҳар моҳ расонаӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG