Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти муттаҳам ба қатли Лайло ба Тоҷикистон ва таслим шудани ӯ


Лайло Гадобоева
Лайло Гадобоева

Як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш, ки шаҳрванди Узбекистон буд, боздошт шудааст. Ба иттилои мақомоти интизомӣ Санҷар Аҳатов, сокини вилояти Суғд рӯзи 20-уми октябр баъди қатли ҳамсараш ба Тоҷикистон баргашта, худро ба пулис таслим кардааст.

Ӯ шоми ҳамон рӯз, баъди бозгашт аз Узбекистон ба волидонаш дар Панҷакент ва мақомоти вилоят иқрор кардааст, ки Лайло Гадойбоева, ҳамсари 27-солаашро куштааст. Як манбаъ дар додситонии Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди Санҷар Аҳатов дар Узбакистон бо моддаи 97 ва дар Тоҷикистон бо моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне куштор парванда боз кардаанд ва тафтишот идома дорад. Наздикони Санҷар Аҳатов мегӯянд, ӯ қасди кушторро надошт ва ҳодиса вақти ҷанҷол “сари қаҳру эҳсос” сар задааст.

Пайвандони Лайло Гадойбоева гуфтаанд, ки ҷиноят дар қаламрави Узбекистон содир шудааст ва Санҷар Аҳатов бояд дар ин кишвар муҳокима шавад ва ҷазо бигирад. Як манбаъ дар додситонӣ гуфт, парвандаи Санҷар Аҳатов ба Тоҷикистон ирсол шудааст ва ӯ ба Узбекистон истирдод намешавад: “Мо бо Узбекистон созишнома дорем, аммо мо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Узбекистон истирдод карда наметавонем. Мувофиқи Конвенсияҳои Минск ва Кишинёв иҷозат дода намешавад. Давлатҳои хориҷӣ барои таҳқиқи ҷиноят ба мо парвандаҳои ҷиноӣ мефиристанд.”

Сабаби қатл чӣ будааст?

Ҷасади Лайло Гадойбоеваро рӯзи 21- уми октябр, дар хонаашон пайдо кардаанд. Тибқи маълумоти мақомоти Узбакистон, Санҷар Аҳатов ҳамсарашро нафасгир карда, куштааст. Пайвандони Лайло дар суҳбат ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, духтарашон борҳо аз латукуби шавҳар ба мақомот шикоят бурда мегуфтааст, Санҷар пайваста таҳдид мекард, ки ӯро мекушад.

Комила Гадойбоева - модари Лайло мегӯяд: “Духтари ман бо Санҷар Аҳадов 20-уми феврали имсол издивоҷ кард, аммо маълум шуд, ки Санҷар Аҳатов пеш аз издивоҷ ба як беморӣ гирифтор шудааст. Духтари ман, тасмим гирифт, ки аз ӯ ҷудо шавад, чун ташхис маълум кард, ки духтари ман сироят нашудааст.” Модараш нагуфт, ки Санҷар чӣ гуна бемор буд.

Пас аз ташхиси тиббӣ ба гуфтаи Камила Гадойбоева, зиндагии духтараш нооромтар шуд. Шавҳараш ба гуфтаи ӯ таҳдид мекардааст, ки “агар аз ӯ ҷудо шавад ӯро мекушад”. Ба иддаои пайвандони Лайло, духтарашон қурбони бетаваҷуҳии мақомот ҳам шудааст.

Дар посух ба муроҷиатҳои ӯ, мақомот ҳамеша онҳоро ба мусолиҳа ва оштӣ даъват мекардаанд. “Ба нозири минтақавӣ муроҷиат кард, вале ҷиддӣ нагирифтанд, гуфтанд равед, оштӣ шавед, зиндагиро идома диҳед. Ҷанҷоли зану шавҳар мисли хушк шудани матоъ аст, зуд хомӯш ва ҳамааш хуб мешавад” – гуфт модари Лайло.

Волидонаш мегӯянд, Санҷар қасди куштани ҳамсарашро надошт

Аммо волидони Санҷар Аҳадов мегӯянд, писарашон дар мулоқот бо онҳо гуфтааст, қасди куштори ҳамсарашро надошт. Онҳо баръакси наздикони Лайло мегӯянд, ҳодиса тасодуфӣ аст ва пас аз огоҳ шудани Санҷар аз хиёнати ҳамсараш сар задааст.

Дилором Набиева, модари Санҷар Аҳатов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Духтар худаш ба забони худаш гуфтааст, ки ман дигар одамро нағз мебинам. Дар набудани ту ман бо ӯ зиндагӣ мекардам, гуфтааст. Писарам ҳам дар ҳолати асабоният худро гум карда, ӯро буғӣ ва тела кардааст. Ба мо гуфт, намехост, ин тавр шавад.”

Ба гуфтаи модар, писараш Лайлоро дӯст медошт ва ба хотири ӯ дар Узбакистон хона харидаву он ҷо зиндагӣ мекард. Санҷар Аҳатов ба Русия равуо мекардааст ва ба Тоҷикистон назди волидон фақат меҳмонӣ меомадааст: “Ҳатто ба хоҳараш гуфта буд, баъд аз соли нав ҳамсарамро ба Русия мебарам. Ӯ нияти бад надошт.”

Санҷар Аҳатов, рӯзи 20 - уми октябр, баъди ҷанҷол бо ҳамсараш ва марги ӯ ба Панҷакент назди волидон омада, бо онҳо хайрухуш кардааст. Ӯ гуфтааст, худро ба мақомот таслим мекунад. Ҳоло ин ҷавон дар боздоштгоҳи вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад. Додситонии вилоят қазияро таҳқиқ дорад. Зӯроварӣ ба зан чӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон зиёд дида мешавад, вале мақомоти интизомӣ онро кори дохили оила номида, таҳқиқ намекунанд.

XS
SM
MD
LG