Беш аз 400 муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия иддао доранд, ки ба доми “аҳроми фиреб”-и як ҳамватаншон афтиданд ва аз 8 то 10 миллион рубли русӣ зиён дидаанд.
Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, Маҳмуд Абдураҳмонов, ҷавони 29 сола, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба беш аз 400 нафар чиптаи зоҳиран қалбакии ҳавопаймо фурӯхтааст.
Назари Маҳмуд Абдураҳмонов ба ин иддаои муҳоҷирон маълум нест ва то лаҳзаи нашри мақола ӯ барои Радиои Озодӣ “дастнорас” буд.
Миёнраваҳо, ки чиптаҳоро ба мардум фурӯхтаанд, мегӯянд, муштариёни фиребхурда аз онҳо пули билетҳоро бозпас мехоҳанд. Абдураҳмонов бошад, ба гуфтаи миёнаравон, аз 5-уми декабр ба ин сӯ бедарак аст.
Миёнаравон мегӯянд, бори охир посухдиҳандаи худкор ё “автоответчик”-и телефони Абдураҳмонов бо забони туркӣ ва англисӣ посух дод. Талоши мо барои тамос бо ин ҷавони муҳоҷир низ бенатиҷа буд.
Азизулло Исматзода, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 15-уми декабр бояд ба Тоҷикистон парвоз мекард ва тавассути миёнаравҳо аз Абдураҳмонов бо 15 ҳазор рубл чипта харида буд.
Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте пулро дод миёнарав ба ӯ ваъда дод, ки се рӯз пеш аз парвоз чиптаи электрониро барояш дастрас мекунад.
“Аммо акнун фаҳмидем, ки ин билетҳо қалбакӣ будаанд ва дар ин рӯз аслан аз Санкт- Петербург ба Душанбе парвозе вуҷуд надорад”,-- гуфт ӯ.
Исматзода мегӯяд, нархи билетҳое, ки Маҳмуд Абдураҳмонов мефурухт, аз нархи бозор 4-5 ҳазор рубл арзон буданд.
Барои мисол, нархи билет дар фурӯдгоҳҳо аз 20 то 21 ҳазор аст, вале Абдураҳмонов тавассути миёнаравҳо онро бо нархи аз 15 то 16 ҳазор рубл мефурухт.
Ба гуфтаи даъвогарон, ӯ маъмулан ба муштариён билетҳои ширкатҳои “Сомон-эйр” ва “Уралские авиалинии”-ро мефурӯхтааст.
Ба нақли миёнаравон, Абдураҳмонов дар Санкт- Петербург нахуст ба боварии дӯстон, ҳамкорон ва баъдан миёнаравҳои дигар даромадааст.
Ҳанӯз ҳеҷ додгоҳ ё мақоми тафтишоти даст доштани Абдураҳмоновро дар фуруши чиптаҳои қалбакӣ тасдиқ накардааст.
Аҳлиддин Абдуллоев, яке аз миёнравҳоест, ки аз ин доду ситад беш аз 700 ҳазор рубл зиён.
Абдуллоев мегӯяд, аз моҳи август Абдураҳмоновро мешиносад ва ошноиаш бо ӯ аз пешниҳоди билети арзон шурӯъ шуд.
“Шахсан тобистон бо нархи арзон аз ӯ билет гирифта ба Тоҷикистон рафта омадам. Бо чанде аз хешовандонам ҳам чунин билети арзон харидам, ки истифода бурданд. Ҳамин гуна ӯ ба боварии мо даромад ва пешниҳод кард, ки миёнаравӣ кунаму билетҳоро фурӯшам”,--гуфт ӯ.
Ӯ гуфт, ки миёнаравӣ садҳо билети арзони ҳавопаймо фурӯхт ва то нопадид шудани Абдураҳмонов пай набурд, ки “билетҳои арзон” барояш дарди сар меофарад. Муштариён аз ӯ тақозо доранд, ки пули чиптае, ки истифода бурда натавонистанд, пас диҳад.
Ба мисли Абдуллоев боз 7 нафар миёнаравони дигар иддао доранд, ки қурбонии фиреби Абдураҳмонов шудаанд.
Як нафар аз ин миёнаравон, ки иддао дорад, ки аз ин доду ситад 2 миллион рубл зиён дидааст, мегӯяд, Маҳмуд Абдураҳмонов ду сол боз дар қаҳвахонае, ки онҳо иҷора гирифта буданд, кор мекард ва аз ӯ чунин кореро интизор надоштанд.
“То имкон дорам пули мардумро дода истодаам. Мошинам ва ҳама ҷиҳозамро фурӯхтам, аммо барои пардохти пули ҳама кифоя нест”,--гуфт ӯ.
Шаҳрвандоне, ки мегӯянд, зиён дидаанд, ба пулиси шаҳри Санкт - Петербург ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр арз кардаанд. Мақомот мегӯянд, арзи шаҳрвандонро таҳқиқ мекунанд.
Фаррух Қосимов, корманди консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин масъала таҳти назорат қарор дорад ва бо мақомот ҳамкорӣ доранд”.
Нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс назар ба дигар кишварҳо гаронтар аст ва аз ин рӯ муҳоҷирон ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи билети арзон ҳастанд.
Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10