Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии хабарнигори "Азия-Плюс" ба хотири наворбардорӣ аз арчаи солинавӣ. ВИДЕО


Монеагузорӣ ба сабти арчаи солинавӣ. Чаро?

Дар Душанбе шахсияти хабарнигорон ва касоне, ки мехоҳанд бо дастгоҳҳои касбӣ аз арчаи солинавӣ аксу навор бигиранд, санҷида ва номнавис карда мешавад. Арчаҳои бузурги солинавиро дар чанд гӯшаи Душанбе намояндаҳо аз чанд мақомот назорат мекунанд. Мақомот ҳадафи ин иқдомро таъмини бехатарӣ ва халалдор нашудани фазои хуши солинавӣ арзёбӣ мекунанд. Бархе аз сокинону хабарнигорон аз монеаҳо дар ҷараёни аксгирӣ аз арча ва бархӯрди ба гуфтаи номуносиби маъмурони милиса шикоят доранд.

Мӯсо Бобоҳоҷиев, ки ҳар рӯз ба оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" хабар менависад, ахиран худаш хабарсоз шуд. Ин хабарнигори ҷавон мегӯяд, фикр намекард, як мавзӯи тасвирӣ дар бораи арчаҳо дар Душанбе сабаби бозпурсии чандсоата ва баҳси милисаҳо бо ӯ мегардад.

Бобоҳоҷиев рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рӯзи гузашта бо супориши идора бояд дар бораи арчаҳои солинавии Душанбе гузориши аксӣ омода мекардам. Вақте арчаи назди Театри опера ва балетро сурат мегирифтам, кормандони мақомот ҳам буданд. Як нафар, ки худро маъмури амният муаррифӣ кард, хоҳиш намуд, суратро пок кунам. Ман ҳам ин корро кардам. Баъдан корманди милиса маро ба наздаш даъват кард ва гуфт, «ту ба назари ман одами шубҳанок менамоӣ, мо туро ҷарима мекунем».

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бозпурсии хабарнигори "Азия-Плюс" ба хотири наворбардорӣ аз арчаи солинавӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Хабарнигор мегӯяд, бо вуҷуди пок кардани акси кормандони мақомот аз дурбинаш, милисаи назди арча, ки худро Худойдод Ҳамрохонов, ёрдамчии нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансури муаррифӣ кардааст, ӯро ҷавоб надода ва гуфтааст, ба шӯъба мебараду бозпурсӣ ва ҷарима мекунад.

"Намедонам чӣ мақсад дошт, баъди каме баҳс гуфт, метавонем туро ҷаримаи маъмурӣ кунем ва 110 сомонӣ бурда ба хазина супорӣ. Гуфтам, бо кадом далел? Гуфт, дар асоси он ки нос ё сигор кашидӣ ва ё ягон қонунвайронкунии дигар кардӣ," – нақл кард Мӯсо Бобоҳоҷиев.

Дар сабти аудиоие, ки Мӯсо аз ҷараёни бозпурсиаш нашр кардааст, корманди милиса мегӯяд, хабарнигор шубҳаовар ба назар мерасад ва таъкид мекунад, ки аксбардории милисаҳо дар ҳолати якҷо будан мумкин нест ва ин обрӯи давлатро поин мебарад.

Танҳо баъди тамос бо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ, Мусо Бобоҳоҷиев аз бозпурсӣ озод шудааст.

Арчаи солинавӣ дар Душанбе
Арчаи солинавӣ дар Душанбе

Нашри садои суҳбати милиса дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо аз монеъ шудани милисаҳо ба кору аксбардории хабарнигорон интиқод кардаанд.

Дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, ин ҳолат таҳқиқ мешавад ва аз милисае, ки хабарнигорро бозпурсӣ кардааст, баёнот гирифтанд. Худойдод Ҳамрохонов, ёрдамчии нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур, ки хабарнигорро барои аксбардорӣ бозпурсӣ ва ба ҷарима таҳдид кардааст, ба гуфтаи мақомот «чанд моҳ пеш ба кор оғоз карда, таҷрибаи хеле кам дорад».

Вале мақомот дар сар задани ин ҳолат худи хабарнигорро ҳам айбдор медонанд, ки бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият кормандони милисаро акс гирифтааст. Мӯсо Бобоҳоҷиев, хабарнигори "Азия-Плюс" мегӯяд, дар воқеъ дар он лаҳза бо худ ҳуҷҷат надошт, аммо баъди сар задани баҳс бо милиса, наздиконаш дарҳол санадҳои ӯро оварданд. Бо ин вуҷуд, мегӯяд ӯ, боздошташ беш аз як соати дигар идома кард. Иддаое, ки мақомоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе беасос мехонанд.

Арчаи солинавӣ дар майдони Дӯстии пойтахт
Арчаи солинавӣ дар майдони Дӯстии пойтахт

Зимнан, ҳангоми сабти арча ва пайгирии ин мавзӯъ дар назди арчаи Театри опера ва балет аз хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам ҳуҷҷат ва ному насабу ҷойи кор пурсида шуд, аммо ба сабту кори онҳо халал ворид нагардид.

Ба фарқ аз солҳои пеш имсол дар назди арчаҳои бузурги Душанбе намоянда аз чанд ниҳод мушоҳида мешавад, ки атрофи арчаро назорат мекунанд. Зоҳиран ба фарқ аз дурбинҳои касбӣ, кормандони милиса ба онҳое, ки бо телефонҳои худ назди аксу селфӣ мекунанд, кор надоранд ва мардум озод дар назди арча аксбардорӣ мекунанд.

Мақомоти Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯхтору ҳодисаҳои нохуш ва халалдор нашудани фазои хуши солинавӣ дар назди арчаҳои калон ситодҳои байниидоравӣ ташкил шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, назорати минтақаҳои атрофи арча бо ҳадафи таъмини амният кори маъмулист, валле набояд мақомот боис ба озурдагии сокинон ва ё монеи кори хабарнигорон шаванд.

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, “қонунгузорӣ ва одоби касбии журналистон ҳолатҳоеро муайян крадааст, ки сабту наворбардории онҳо мумкин нест. Як ҳолати истисноӣ, ин ба навор гирифтани иншооти аз нигоҳи амниятӣ аҳамияти стратегӣ дошта аст ва дастрас шудани онҳо ба омилҳои хориҷӣ амнияти Тоҷикистонро халалдор мекунад. Аммо дар дигар ҳолатҳо набояд ҷиҳати амалӣ намудани ваколати касбии журналист монеа эҷод шавад. Корманди милиса ҳам, ки бо дастури маъмурият супоришро иҷро мекунаду ҳадафҳояш маълум аст, ба навор афтидани ӯ ягон мушкил надорад".

Хабарнигори "Азия-Плюс" Мӯсо Бобоҳоҷиев, ки аз бархӯрди корманди милиса бо ӯ чун як журналист, нигаронӣ мекунад, умед дорад мақомот нисбат ба ин ҳодиса саривақт чора меандешанд. Мақомот мегӯянд, дар ҳоли таҳқиқи ҳодиса ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG