Идораи маорифи Балҷувон ду омузгори як мактабро барои рафтори ғайрипедагогӣ нисбат ба шогирдон ҷазои интизомӣ додааст.
Дилбар Абдуҳакимова ва Ганҷина Аҳмадова, омӯзгорони мактаби рақами чор дар деҳаи Оқбулоқи ноҳия, яке барои химча задани кӯдакон ва дигаре барои сабт кардани ин ҳолат дар телефон “огоҳӣ” гирифтанд. Ҳодиса ҳафтаи пеш рух дод ва сабти ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Дар навори як дақиқаӣ дида мешавад, ки зоҳиран омӯзгоре хонандагонро ҳангоми ворид шудан ба дохили бинои мактаб бо навбат бо химча мезанад. Бархе хонандагон талоши фирор аз зарби химча мекунанд ва бо шитоб вориди бино шудан мехоҳанд, вале омӯзгор хонандагони мавриди назарашро, ки писарон ҳастанд, таъқиб мекунад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин наворро бо ишора ба асари Садриддин Айнӣ "Мактаби кӯҳна" номида, аз чунин шеваи ҷазо додан интиқод карданд. Дар ин асари Айнӣ аз усули ҷазои толибилмон дар мактабҳои Аморати Бухоро дар охири асри 19 нақл мешавад.
Дилбар Абдуҳакимова, омузгори фани забон ва адабиёт, ки таҷрибаи беш аз бистсолаи корӣ дорад, мегӯяд, ҳадафаш танбеҳи хонандагон буд.
Ӯ гуфт, танҳо хонандаҳоеро ҷазо дод, ки ба таъкидҳои пай дар пай қоидаҳои мактабиро риоя накарданд. Ин гурӯҳи хонандагон, ба гуфтаи ӯ, “муйи сари бетартиб доштанд ва беинтизомӣ мекарданд.”
Ин омӯзгор мегӯяд, навор ҳадафмандона сабту паҳн нашудааст, балки он тасодуфан аз телефони шавҳари яке аз омузгорони мактаб ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
“Ҳамон рӯзе, ки бачаҳоро танбеҳ додам дар мактаб навбатдор будам. Ман ҳеҷ касро барқасдона назадам, касе ҳам барои ин аз болои ман шикоят надошт. Вале намедонам ин навор ба чӣ хотир дар инернет гузошта шуд”,--мегӯяд, ин омӯзгор.
Дилбар Абдуҳакимова аз нашру пахши навори бо химча задани хонандагон дар Идораи маорифи ноҳия огоҳ шуд. Ба онҷо ӯро барои додани огоҳӣ даъват карда буданд.
Умеда Бекова, мудири Идораи маорифи ноҳияи Балҷувон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омӯзгорон рафтори ғайрипедагогӣ кардаанд.
"Муаллима худаш хабар надошт. Баъдан баёнот гирифтем ва ба ҳарду огоҳӣ додем. Дар ҳолати дар давоми се моҳ такрор шудани ҳодисае аз кор озод мекунем. Муаллима ҳам нафари таҷрибадор аст ва гуфт ки хатояшро фаҳмид",--гуфт, мудири маорифи ноҳияи Балҷувон.
Аммо мудири маориф шарҳ надод, ки чаро сабти ин ҳолат аз ҷониби омӯзгори дуввумро “рафтори ғайрипедагогӣ” баҳогузорӣ кардаанд.
Ҷазои интизомии ду омӯзгор барои рафтори ғайрипедагогӣ нисбат бо шогирдон дар ҳолест, ки шеваҳои тарбияи кӯдак дар мактабҳои Тоҷикистон як мавзӯи баҳси ҳамешагист.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзгорон барои бемасъулиятӣ ва муносибати нодуруст бо хонанда, зери борони танқид қарор мегиранд ва дар расонаҳо ҳам, баъзан, хабарҳо дар бораи бадрафторӣ аз ҷониби ягон омӯзгор ва ё латукуби хонанда расонаӣ мешавад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин шеваи тарбия аз қабл ҳам вуҷуд дошт, аммо ҳоло бо фаъол шудани одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин наворҳо пахшу нашр мешаванд.
Омӯзгорон мегӯянд, хатои як нафарро ба тамоми омӯзгорон нисбат додан одилона нест. Раҷаб Раҳимов, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, химча задан як иштибоҳи хурди омӯзгор аст ва набояд онро ба тамоми омӯзгорон ва сохтори маориф рабт дод. Ба гуфтаи ӯ, бо маоши ночиз ва дар шароити сахт кор кардани омӯзгорон як навъ қаҳрамонӣ аст.
“Ин хел химча задан дар пешрафтатарин давлатҳо ҳам пайдо мешавад. Лекин матбуот фақат камбудии омӯзгорро мебинанд. Намегӯянд, ки эй омӯзгор, бо 700 сомонӣ маош, ки пули се халта орд мешавад, чӣ тавр панҷ фарзандро мехӯронӣ? Барои ман омӯзгороне, ки ҳанӯз ба муҳоҷират ба Русия нарафта ба насли наврас бо маоши ночиз дарс медиҳанд, қаҳрамонанд”,--гуфт ин омӯзгори собиқадор.
Волидайн аз он шикоят доранд, ки омӯзгорон бо баҳонаи маоши кам ба таълиму тарбияи дуруст машғул нестанд. Дар ҳар сурат, ба гуфтаи онҳо, даст бардоштан ба хонанда ва лату куб амалест, ки бояд маҳкум шавад.
Ҷомеашиносон мегӯянд, паст задани шахсияти инсонии кӯдак дар ниҳоят ҳисси озодандешиву мустақилиятро дар зеҳни вай ба ҳам мезанад ва натиҷааш кушта шудани эҳсоси озодфикрии ӯ мешавад. Фазилат Ҳалимова, омузгори собиқадор аз Душанбе мегӯяд, ҳоло фурсати он расидааст, ки бояд дар зеҳни кӯдак аз хурдӣ ҳисси шарофати инсониро парварид ва шаттаву шаллоқ ва “адабчӯб”-ро ба гузашта супурд.
“Ҳозир дигар хонандаҳо мисли бист ё сӣ соли пеш нестанд. Вақт дигар шудааст ва бо рушди фановариҳои нав бархе хонанда аз омузгор дида бештар мефаҳмад”,--мегӯяд ӯ.
Бархеҳо бар ин назар ҳастанд, ки омӯзгор бояд ҳатман "сиёсат" дошта бошад ва ба қавле «алови чашм»-и шогирдонро бигирад, то онҳо ҳатто фикру ҷуръати ҳеҷ беадабӣ надошта бошанд.
Тарафдорони ин шеваи “педагогикаи шадидуллаҳн” аз ҷумла чандин байту андарзи мероси шоирони классикиро ба мисли “ҷабри устод беҳ аз меҳри падар” ё ба истилоҳи омиёнатар, “хирс мулло мешавад аз зарби чӯб, беадабро ҳар куҷо дидӣ, бикӯб” намуна меоранд.
Аммо тарафи дигар баръакс, муҷозоти ҷисмонии шогирд аз тарафи омӯзгорро як усули ғайрипедагогӣ ва хеле қадим мешуморанд ва мегӯянд, дар замони муосир устод бояд бо тарбияту дониши хуб намунаи ибрат барои шогирд шавад, на бо зарби шаллоқ ва адабчӯб.