Дар як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар вилояти Қарағанда рух додааст. Дар сомонаи "Каzakhstan today" омадааст, шаби 11-уми ноябр бинобар яхбандии роҳҳо ронандаи автобуси Ван Ҳул, ки шаҳрванди Қазоқистон будааст, ҳангоми ҳаракат ба самти Алмаато аз ӯҳдаи идораи мусофирбар набаромада, ба як мошини дигар бармехӯрад.
Дар натиҷа 7 мусофири автобус, ки 5 нафарашон зодагони Тоҷикистон буданд, маҷрӯҳ мешаванд. Шумораи умумии мусофирони автобус 15 нафар будааст. Маҷрӯҳон феълан дар бемористон қарор доранд. Садамаи мазкур аз сӯи мақомоти интизомӣ таҳқиқ мешавад.