Аз марги коргардон ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Марат Орифов як сол гузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ки набудани ӯ дар хона ҳар лаҳза эҳсос мешавад. Ҳамкорони пешинаш ба ин боваранд, ки рафтани Орифов натанҳо ба хонавода, балки ба кори кинои тоҷик ҳам бетаъсир намонд.
Рӯзи 29-уми октябр дари хонаи Марат Орифовро ҳамсараш Геновайте Орифова кушод ва сӯҳбати мо дар утоқе ҷараён гирифт, ки дар он ҷо осори коргардон ва ҳунарманди маъруфро гирд овардаанд.
Орифова ҳангоми шарҳи ҳар як акси рӯйи девор мегуфт, ки шавҳараш дар хона шахси содда ва самимӣ буд. "Ҳаргиз бо фарзандон баҳс намекард, бо онҳо мисли дӯст буд. Дар хона ҳамроҳи ҳунармандон баҳси корӣ намекард, танҳо шӯхӣ мекарданду хурсандӣ", -- нақл кард ӯ.
Геновайте Орифова мегӯяд, бо Марат Орифов чиҳил сол зиндагии якҷоя дошт ва набудани ӯ дар айёми пирӣ барояш гарон афтодааст: "Маратро сахт пазмон шудам, бе ӯ ҷаҳон тира аст. Ду сол бемори бистарӣ буд. Ҳанӯз ҳам ба кӯча бароям, эҳсосе фаро мегирад, ки бояд зуд баргардам, чун фикр мекунам Марати бемор маро интизор аст."
Писараш Анӯшервон аз филми "Қисмати шоир" қисса кард, ки дар як лаҳзаи хондани суруд садо ва навор бо ҳам мутобиқат накардааст. Вай мегӯяд, "ҳама гумон карданд, ки падарам суруд хона наметавонад, ҳарчанд овози хуб дошт ва зебо суруд мехонд. Дар шакли аввали филм суруди дигаре сабт шуда буд. Ҳангоми танзим Борис Кимёгаров тасмим мегирад, ки дар ҳамин лаҳзаи филм суруди дигареро гузорад. Ба ин далел номутобиқатӣ сурат гирифтааст.»
Анӯшервон афзуд, падараш ҷонваронро дӯст медошт ва агар дар кӯча ҷонвари бесоҳиберо медид, бо худ ба ҳавлӣ меовард. «Модарам ин ҷонваронро табобат мекард ва баъзеи онҳо то охир дар ҳавлии мо мемонданд», -- нақл кард ӯ.
Марат Орифов аз 25-солагӣ вориди саҳнаи ҳунари Тоҷикистон шуд ва дар канори офаридани нақшҳо, ҳамзамон коргардони маъруфи синамо низ буд. Ортиқи Қодир, ҳунарманд ва ровии тоҷик, рӯзи 31-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳунари Марат Орифов ситоиш кард ва гуфт, «Орифов фарзанди Тӯҳфа Фозилова, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Дар миёни мероси бебаҳое, ки Фозилова ба мо гузошт, Марат Орифов дурри бебаҳоест.»
Марат Орифов баъд аз хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти омӯзгории Сталинобод (Душанбе) ба номи Шевченко, соли 1960 - Институти театрию рассомии шаҳри Тошканд ва соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеии ба номи Герасимови шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти як сол аз фавти ин коргардон ва ҳунарманди маъруф ҷойгоҳи вай ҳамчунон холист. Ҳақдод афзуд, «агар ба таърихи синамои тоҷик назар афканем, чанд ситорае вуҷуд дорад, ки барои номбар кардани онҳо ангушти ду даст зиёдатӣ мекунад. Марат Орифов дар канори Ато Муҳаммадҷонов ва Маҳмудҷон Воҳидов аз зумраи чунин ситораҳоест, ки ба ситораҳои кайҳонӣ пайваст.»
Марат Орифов дар зиндагиаш чанд дафъа оиладор шуда, соҳиби панҷ фарзанд аст. Се фарзандаш - Анӯшервон Орифов, Марианна Орифова ва Андрей Бабитский ба ҳайси журналист ном бароварданд.
Марат Орифов фарзанди ягонаи ҳунарпешаи халқии Шӯравии Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова аст. Вай дар хурдӣ ҳамроҳи модараш аз шаҳри Конибодом ба Сталинобод (шаҳри Душанбе) омадааст. Мегӯянд, он замон дар идораи сабти аснод номашро дар шаҳодатномаи таваллуд на Мурод, балки Марат навиштаанд.
Фаъолияти ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ - Синоро соли 1956 дар филми "Абӯалӣ ибни Сино" бозидааст. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми "Қисмати шоир" ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро иҷро мекунад. Охирин нақши бозидааш "Муаллим" аст, ки соли 2014 аз тарафи коргарон Носир Саидов бардошта шудааст.