Коргардони маъруфи тоҷик Валерий Аҳадов ба ифтихори 100-солагии мактаби маъруфи синамо ВГИК (Институти давлатии кинематографияи Русия ба номи С.А.Герасимов), барои филмсозони Тоҷикистон давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор кард.
Аҳадов, ки худ хатмкардаи ин мактаби маъруфи филмсозӣ аст, ҳоло ба ҳайси омӯзгор дар ин муассисаи олӣ дарси синамо медиҳад. Валерий Аҳадов дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар ҳошияи дарсҳояш дар Душанбе гуфт, "тоҷикон табиатан мардуми ҳунарманд ва боистеъдод ҳастанд. Онҳо бисёр мардуми эҷодкоранд, вале ба онҳо бояд аз назари дарёфти маълумоти касбӣ кӯмак кард. Агар маро барои кор даъват кунанд, ҳатман меоям".
Ба андешаи коршиносон, баъди пош хӯрдани шӯравӣ мактаби филмсозии Тоҷикистон осеб дид ва заъиф шуд.
Валерий Аҳадов 73 сол дошта, як коргардони хушноми тоҷик аст, ки дар студияи “Тоҷикфилм” филмҳои “Асрори оилаи Ғаюровҳо”, “Кӣ ба Турскаветск меравад”, “Дарвеши ланг”, “Руф” ва дигарҳоро ба навор гирифтааст. Ин коргардони маъруф, ки дар охири солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо театр-студияи "Нимҷазира" ё "Полуостров"-аш бештар аз худ ба ҳайси коргардони ҳунарманд дарак дод, солҳои охир дар Русия кору эҷод мекунад.
Бо назардошти ин таҷрибааш, рӯзи 14-уми март дар Душанбе Аҳадов барои алоқамандон мастер-класс ё дарсҳои филмсозӣ дар мавзӯи тафовути филмҳои телевизиониву синамоиро барпо кард. Аҳадовро яке аз шогирдони муваффақи мактаби маъруфи синамои ВГИК меноманд, ки тавонист дар синамои тоҷик суннатҳои беҳтарини ин муассисаи таълимиро татбиқ кунад.
Дар миёни шогирдони дигари маъруфи ВГИК – коргардонҳо Комил Ёрматов (муассиси студияи Узбекфилм), Борис Кимёгаров (шогирди Эйзенштейн), Давлат Худоназаров, Бахтиёр Худойназаров, Анвар Тӯраев (шогирди Ром), оператор Маҳмадқул Арабов, ҳунарпеша Марат Орипов буданд. Охирин гурӯҳи ҳунарие, ки аз Тоҷикистон барои таҳсил дар ВГИК сафарбар шуда онро дар зери назари Глузский дар соли 1993 хатм кард, коргардону актерҳои ояндаи тоҷик, аз ҷумла, Умед Мирзоширинов, Фируз Сабзалиев, Наргис Мамадбекова ва даҳҳо дигарҳо мебошанд.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, нақши ВГИК дар ташаккули мактаби синамои тоҷик хеле муҳим аст. "Наздики 90 фисади синамогарону ҳунарпешаҳои тоҷик дар ВГИК таҳсил кардаанд. Ин мактаби ҷаҳонии ҳирфаии кино аст".
Баъди пош хӯрдани шӯравӣ мактаби филмсозии Тоҷикистон осеб дид, заъиф шуд, ва ба қавли Ҳақдодов, дар қиёс бо санъати филмсозии Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистони ҳамсоя, то ҳол натавонистааст қудрати пешинаашро барқарор кунад.
Ӯ гуфт, аз ҳамин хотир, ҳифзи робитаҳои касбӣ ва фароҳам шудани имкони ҳунаромӯзӣ аз устодони мактаби ВГИК барои ҳунармадон дар Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ба қавли Ҳақдодов, аз муҳимтарин меваҳои шогирдони ВГИК ин буд, ки тавонистанд дар таҳияи филмҳои тоҷикӣ ҳунарпешаҳои кишварҳои хориҷиро ҷалб кунанд ва аз ин васила, филмҳои ватаниро дар хориҷа муаррифӣ кунанд.
Ӯ аз силсилаи филмҳои Кимёгаров, ки бар пояи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ офарида шудаанд, ба унвони намуна ёд кард. Инчунин аз филмҳои Бахтиёр Худойназаров ва Давлат Худоназаров ном бурд, ки филмҳояшон на танҳо дар қаламрави Шӯравии пешин, балки фаротар аз он маъруф шуд.
"Агар дар Тоҷикистон факултаи кино мешуд, шояд мо мактаби вижаи синамои худро медоштем. Инро қазоқҳо карданд, қирғизҳо карданд, узбекҳо карданд. Мутаассифона, мо то ҳанӯз мактаби синамои худро сохта натавонистем",-гуфт Ҳақдодов.
Ӯ гуфт, аксари "ҳирфаиҳои мо" баъди солҳои 1990-ум рафтанд. Вагарна, ба қавли ӯ, Тоҷикистон бар пояи донишу касбияти онҳо метавонист синамои миллиашро пурра ва ҳамаҷониба барқарор кунад.
Валерий Аҳадов, ки ахиран ба Тоҷикистон омада буд, яке аз намояндагони ҳамин насл аст, ки дар солҳои 1980-ум театри хусусии русизабони худро дар Душанбе таъсис дод, дар интихоби намоишномаҳо қолабшиканӣ кард ва вақте Тоҷикистон дар ҳолати бебандубориҳои сиёсӣ қарор дошт, ҳамроҳ бо театру ҳанармандонаш нахуст ба Магнитогорск ва аз он ҷо ба Маскав кӯчид.
"Ман аз он шодам, ки шароити кору зиндагӣ дар Тоҷикистон мусоид шудааст, вагарна ман аз он нафароне будам, ки иштибоҳан хаёл мекардам, дигар ба ин кишвар роҳи бозгашт вуҷуд надорад",-гуфт Аҳадов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.