Ҳарлем Дезир, масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён, аз мушкили хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дарёфти иҷозаи кор дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ӯ рӯзи 23-юми октябр дар Твиттер навишт: "Аз мушкили давомдори кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон дар робита ба дарёфти иҷозати кор нигарон ҳастам".
Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ҳар чӣ зуд роҳи ҳалле пайдо кунанд.
Аз ин пеш шуморе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон низ бо нашри баёнияе аз мушкили сабтиноми хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
Чанд намояндаи Конгресси Амрико ҳам аз вазъияти пешомада шадидан нигаронӣ карда, дар номае ба президенти Тоҷикистон гуфта буданд, "идома ёфтани чунин вазъият эҳтимол ба муносибатҳои Амрико ва Тоҷикистон осеб расонад ва ба обрӯи Тоҷикистон латма занад".
Ҳоло 5 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз шаш моҳ то ду сол боз аз ҳаққи кор маҳруманд ва якуми ноябр шояд охирин рӯзи кории 9 нафари дигар шавад. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба номаҳои пайваста дар бораи додани иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надодааст.
Бори аввал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боис ба нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.