Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон нақшаи афзоиши истеҳсоли алюминийро кам кардааст


Корхонаи тавлиди алюминий дар Тоҷикистон
Корхонаи тавлиди алюминий дар Тоҷикистон

Хабаргузории «Ройтерс» рӯзи 23-юми октябр бо такя ба як манбааш дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ширкати давлатии Talco нақшаи афзоиши истеҳсоли алюминийро аз 20 дарсади пешина то ба 5 дарсад кам кардааст. Масъулон сабаби бозбинии нақшаи истеҳсолотро ба поин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва мушкилот дар интиқоли ашёи хом гуфтаанд.

Ба қавли манбаи “Ройтерс”, “дар натиҷаи чанд ҳодиса интиқоли ангишти коксӣ ва гилхок ба ширкати Talco мушкил шуд”. Зоҳиран манзур аз “чанд ҳодиса” роҳбандии Туркманистон аст, ки нагузошт вагонҳои боркашон ба Тоҷикистон гилхок ва ангишти коксиро биоранд.

Масъулони Talco моҳи феврали соли 2019 ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ҷониби Туркманистон бе шарҳу тавзеҳе ба 24 вагони марбут ба ин ширкат -- 20 вагон кокс ва 4 вагон криолит – иҷозаи гузаштан намедиҳад.

"Талко" барои хариди 40 ҳазор тонна кокс аз Туркманистон шартнома дошт.

Поин бурдани нақшаи афзоиши истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аввали имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз кори маъмурияти Talco барои коҳиш ёфтани истеҳсоли алюминий интиқод карда буд.

Он замон раисҷумҳур ба Шералӣ Кабир, раиси Шӯрои мудирони “Ширкати алюминийи Тоҷик” дастур дода буд, истеҳсол ва содироти алюминийро афзоиш диҳанд «ва дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019 ба ҳукумат ҳисобот пешниҳод намоянд».

Тавре ба назар мерасад роҳбандони ногаҳонии Туркманистон ва поин омадани нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ нақшаҳои афзоиши истеҳсоли алюминийро ба бунбаст рӯ ба рӯ кардааст. Нархи як тонна алюминий айни замон дар бозорҳои ҷаҳонӣ 1724 доллар арзиш дорад. Дар оғози сол нархи як тонна алюминий 1865 доллар буд.

Соли гузашта ширкати Talco 98 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кардааст.

XS
SM
MD
LG