Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сабукӣ ба соҳибкорони тоҷик, баъд аз қатъи фаъолияти 260 000 нафар


Вакилони порлумон соҳибкорони тоҷикро аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми таъсис ва барҳам додани ширкат ё корхона озод карданд.

Ин дигаргунӣ рӯзи 23-юми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ сурат гирифт. Пардохти боҷи давлатӣ танҳо барои таъсиси корхона беш аз 1300 сомонӣ (баробар ба тақрибан 130 доллар) таъйин шуда буд.

Қаблан баъзе аз соҳибкорон шикоят карда буданд, ки на танҳо пардохти боҷи давлатӣ барои таъсис ва ё барҳам додани ширкат гарон аст, балки вақти зиёд металабад.

Назрулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, “акнун соҳибкорон аз пардохти боҷи давлатӣ озод шуданд”. Ба қавли ӯ, чунин сабукӣ ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки мавқеи Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ беҳтар шавад.

Ин дар ҳолест, ки дар нӯҳ моҳи соли 2019-ум 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ кори худро қатъ кардаанд. Оҷонси омори Тоҷикистон дар гузорииш нави худ гуфт, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз ним миллион соҳибкори инфиродӣ сабтином шудааст. Мақомот мегӯянд, беш аз 290 ҳазори онҳо фаъоланд.

Соҳибкорон тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт ва даромади камро аз монеи кори худ медонанд.

XS
SM
MD
LG