Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Облава"-и хабарнигор дар рӯзи аввали даъват ба артиш. Мақомот мегӯянд, хабар надоранд. ВИДЕО


Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон аз як мавриди "облава" ё ҷалби маҷбурӣ ба хидмати сарбозӣ гузориш шуд. Дар ҳоле ки мақомот вуҷуди "облава"-ро рад мекунанд ва иддао доранд, ки солҳои ахир сафи довталабони хидмат дар артиш афзудааст. Чизе, ки коршиносону сокинон ҳамеша бо назари шубҳа ба он менигаранд.

Шаби 1-уми октябр дар Душанбе чанд ҷавонро ба мусофирбаре бор карда, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бурдаанд, то аз он ҷо ба комиссариати ҳарбӣ фиристанд. Иттифоқан ба "чанг"-и онҳо хабарнигори оҷонси иттилооти "Азия-Плюс" ҳам афтодааст.

Абдулло Ғурбатӣ ҳамзамон донишҷӯ аст. Ӯ мегӯяд, шаби якуми октябр, дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ба артиш, дар маҳаллаи "Сирк"-и шаҳри Душанбе мавриди "облава" ё ҷалби иҷборӣ ба хидмат қарор гирифт. "Баробари ворид шудан ба мусофирбари рақами 33 дарк кардам, ки ронанда моро на ба хона, балки иҷборан ба хидмати сарбозӣ мебарад", -- нақл кард ӯ рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ғурбатӣ мегӯяд, ки онҳоро маъмурони милиса дар мусофирбар ҷамъ карда буданд.

Масъулони идораи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар бораи ин қазия чизе нагуфтанд. Мақомоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе изҳори бехабарӣ карданд. Дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "муроҷиат кунанд, месанҷем."

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

"Облава"-и хабарнигор дар рӯзи аввали даъват ба артиш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Дар гузашта мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буданд, ки даъват ба артиш масъулияти мақомоти маҳаллӣ аст.

Нахустин коре, ки Абдулло Ғурбатӣ аз дохили мусофирбар кард, пахши зинда аз ҷараёни "облава"-и худ ва чандин ҷавони дигар ба воситаи "Фейсбук" буд. Вай гуфт, баъд аз тақрибан 6 дақиқаи пахши зинда, ин амалаш "ошкор" шуд:

"Як нафар ба корманди шӯъбаи корҳои дохилӣ занг зад ва чизе гуфт. Ӯ пурсид, ки Абдулло кист? Гуфтам, ман. Телефонро аз дастам кашида гирифтанд ва таҳдид карданд. Гуфтам, ман хабарнигор ҳастам ва корам хилофи қонун нест."

Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоро аз ҷавонони дигар ҷудо карда ва бо шарти ин ки наворро дар ҳузури онҳо аз "Фейсбук" тоза мекунад, озод намудаанд. Аммо навор аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва боргирӣ шуда буд.

Ғурбатӣ мегӯяд, дар он лаҳза на корти хабарнигорӣ ва на ҳуҷҷати донишҷӯияш кумак накард, вале чун ба воситаи навор ҳама аз "облава" шуданаш огоҳӣ ёфтанд, аз ғайриқонунӣ ба хизмат бурдани ӯ худдорӣ шудааст.

То замони раҳо шудан аз дасти "облава"-чиён Абдулло Ғурбатӣ ва ҳамроҳонаш беш аз як соат дар мусофирбар дар шаҳр чарх зада, ҷараёни "ҷалб"-и ҷавонони синни даъватиро назорат кардаанд. "Дар назди ҷавононе, ки танҳо мегаштанд, мошинро медоштанд. Баъзе ҷавонон бехабар аз асли кор ба мусофирбар менишастанд. Баъзеи дигарро маҷбурӣ бор мекарданд. Ҳар мухолифату эътирозе, ки дар дохили мошин мешавад, бо дағалӣ, бадрафторӣ ва ҳақорат анҷом меёбад", -- нақл кард ӯ.

Ин ҷавон, чанде пеш бо пахши як навори дигар аз ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш дар Кӯлоб хабар дода буд. Мақомот ҳоло ин вазъиятро пурра шарҳ надодаанд. Вале дар гузашта вуҷуди ҳамагуна "облава"-ро рад карда буданд.

Дар зимн, дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ масъулини шаҳри Исфара эълон доштанд, ки нақшаи даъватро ҳамагӣ дар як рӯз пурра иҷро карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз даъват чанд сокини ин шаҳр аз боздошту бозпурсии волидони ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ шикоят карда буданд. Мақомот онҳоро барои ба хидмат ҳозир кардани фарзандони муҳоҷирашон чанд рӯз боздошту бозпурсӣ кардаанд.

Ҳоло Абдулло Ғурбатӣ, ҷавоне, ки бо нашри пахши мустақим дигаронро аз "облава" шудани худ огоҳ кард, мегӯяд, "ин масъала бояд хомӯш нашавад". Навор ба гуфтаи ӯ як далели воқеии вуҷуд доштани "облава" ва истифодабарӣ аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ҷалби ҷавонон ба артиш аст.

Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯйӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат дилсард мекунад.

XS
SM
MD
LG