Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Гул Шералӣ аз зиндон озод шуд


Диловар Гулов.
Диловар Гулов.

Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон баъди як соли адои ҷазо аз маҳбас озод шуд. Ӯ дар латукӯби як корманди пулис айбдор шуда бо ҷурми "авбошӣ" зиндонӣ шуда буд.

Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш рӯзи 9-ми июл ҷазоро пурра адо карда рузи 10-уми июл ба озодӣ баромад. Амиршоева гуфт ҳоло Диловар Гулов дар Душанбе аст ва ба кору зиндагии худ идома медиҳад. "Ҷиноят рӯзи 8-уми июли соли 2018 содир шуда буд ва як рӯз пас аз он ӯро боздошт карда буданд. Расо як сол адои ҷазо кард ва озод шуд",-гуфт ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 5-уми ноябри соли 2018 Диловар Гуловро ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Латту кӯби Дилшод Нарзуллозода - корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл иттифоқ афтод.

Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст. Баъдан табибон гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст.

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти соли гузашта сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва барои панҷ рӯз ҳабс карданд.

XS
SM
MD
LG