Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи ахир дар марз ба кордори сафорати Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурд. Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон нота дода буд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 17-уми сентябр хабар дод, ки кордори сафорати Қирғизистон ба вазорат даъват шуда, вобаста ба амали ҷониби Қирғизистон, "ки бори дигар бархилофи созишҳои қаблӣ дар қаламравҳои аломатгузоринашуда корҳои сохтмониро оғоз кард" эътироз баён карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар низои ахир якдигарро дар корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда муттаҳам карданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни ду кишвар дар минтақаҳое, ки хатти марз муайян нашудааст, корҳои сохтмонӣ манъ аст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, "ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса 250-300 низомиро интиқол додааст, ки онҳо ба муқобили сокинони мулкии деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда ва маҷбур сохтаанд, ки сарҳадбонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти аҳолӣ оташи ҷавобӣ кушоянд."
Пеш аз ин мақомоти қирғиз сарҳадбонони Тоҷикистонро муттаҳам карда буданд, ки нахустин шуда оташ кушодаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар хабарномаи худ таъкид кардааст, ки дар муноқишаи ахир се марзбони тоҷик кушта ва чанд сокини мулкӣ, аз ҷумла ду кӯдак ва занон маҷруҳ шуданд.
"Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади риояи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда бори дигар аз ҷониби Қирғизистон даъват кард, ки аз амалҳои тахаллуфкорӣ дар хатти марз худдорӣ карда, барои ҷилавгарӣ аз чунин иғвогариҳо дар манотиқи марзии ду кишвар чораҳо андешанд," -- гуфта мешавад дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Субҳи сешанбе Вазорати умури хориҷии Қирғизистон низ ба Суҳроб Олимзода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек нота супорида "эътирози қатъӣ"-и ин кишварро "аз амалкарди ғайриқонунии марзбонони тоҷик" изҳор дошта буд.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16-уми сентябр рух дод ва аз ҳарду ҷониб чаҳор кушта ва чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.