Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мушак дар назди Сафорати Амрико дар Кобул


Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс хабар додааст, ки як мушак ё рокет дар наздикии Сафорати Амрико дар Кобул таркидааст. Тибқи иттилои пешакӣ, ҳодиса нисфишаби 11-уми сентябр рух дода, дар соатҳои аввали ҳодиса ягон нафар ба ҳалокат нарасидааст.

Кормандони Сафорати Амрико тариқи баландгӯяк ин паёмро шуниданд, ки "дар ҳудуди маҷмаа таркиши мушак ба амал омадааст". То ҳол масъулини Сафорати Амрико дар Кобул дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд.

Аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, мушак на ба девори Сафорати Амрико, балки ба як бинои марбут ба Вазорати дифои Афғонистон бархӯрдааст, ки дар наздикии Сафорат қарор дошт.

Масъулияти ин ҳодисаро касе ба уҳда нагирифтааст.

Ин таркиш дар солгарди 18-уми ҳамла ба ду маҷмуаи тиҷоратии Амрико сурат мегирад, кисоли 2001 рух дод. Дар ҷараёни ҳамлаҳо ба бинои Вазорати дифои Амрико дар Вашингтон ва бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк, ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта ва тақрибан ду баробар ин теъдод, захмӣ шуданд.

Ин ҳодиса боис шуд, ки артиши Амрико барои сарнагун кардани Толибон вориди Афғонистон шавад. Инчунин бархӯрди мушак баъд аз як рӯзе сурат мегирад, ки Доналд Трамп эълон кард, ки музокирот бо Толибон "мурдааст". Трамп гуфт, Толибон мехоҳанд бо истифода аз хушунат мавқеи худро дар гуфтушунид беҳтар кунанд.

Доналд Трамп гуфтугӯи махфӣ бо роҳбарони толибон ва афғонро баъд аз он бекор кард, ки дар як таркиш дар Кобул 12 нафар бо шумули як сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Масъулияти ин ҳодисаро гуруҳи Толибон ба уҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG