Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Хурдсолону ҷавонон ҳам тавони фикр кардан доранд


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Рӯзноманигори ҷавон Зеварбону Рауфӣ бо чанд блоги худ яке аз чеҳраҳои шинохтаи "Блогистон" шуд. Дар навиштаи тозааш ӯ аз мактабу муаллимони худ ёд мекунад ва ба мактабиён салому паём мефиристад.

Дуруд ба ҳар якатон - кудакону навҷавонони Меҳанам!

Имрӯз ид аст. Идатон муборак!

Онҳое, ки имсол аввалин соли таҳсилашонро оғоз мекунанд, ҳатман ҳолу ҳавои дигаре доранд.

Иддае ҳам ҳастанд, ки имсол мактабро ба поён мерасонанд. Бе шак ниҳонхонаи дили онҳо ҳам саршори як ҳисси хос аст.

Хелеҳо ҳам ҳоло-ҳолоҳо меҳмонҳои пушти нимкатҳо ҳастанд.

Хуш ба ҳоли ҳамаатон!

Ҳоло, ки бароятон менависам, хотираҳои солҳои мактабхониям яке пас аз дигарӣ пеши чашмам намудор мешаванд. Ҳамдарсҳоям, омӯзгоронам ва ҳатто дару девору роҳравҳои мактабам.

Вақте бузург шудед, метавонед борҳо барои зинда кардани хотирот ба мактабатон сар бизанед, аммо бешак он замон ҳисси ошнои гузаштаро нахоҳед дошт. Ҳатто агар ҳеч чиз дар онҷо тағйир наёфта бошад. Мактаб дигар шуморо мисли узве аз пайкараш намепазирад. Он вақт шумо танҳо як раҳгузар хоҳед буд. Каме ғамангез аст, на?

Имрӯз аз хушиҳо бояд гуфт. Ҳатман ҳам муаллимон ва ҳам волидонатон дар оғози соли таҳсил бароятон маслиҳат ва насиҳатҳои зиёде хоҳанд кард. Пас, ба худам чунин иҷозаро намедиҳам, зеро дар он ҷойгоҳе нестам ва бешак, беҳтар аз онҳо бароятон чизе гуфта наметавонам. Ба ҷояш бароятон орзу мекунам. Аз он чӣ дилам бароятон мехоҳад, мегӯям.

Ман дилам мехоҳад, ҳар яки шумо битавонед бе ҳарос ва дақиқ фикратонро баён кунед. Зеро, дареғ, аксарияти насли ман, насли ҷавонони “безабон” аст. Насли бетарафҳо ва бетафовутҳо...

Ман орзу дорам, ки так-таки шумо битавонед бо алифбои ниёконатон бинвиседу бихонед. Аксари намояндаҳои насли мо дар ҳар ҷумлааш дасти кам се-чаҳор калимаи русӣ илова мекунад, чун забони модарияшро хуб намедонад. Бадтар аз ин, иддае ҳастанд, ки аслан русӣ ҳарф заданро ба тоҷикӣ тарҷеҳ медиҳанд. Бо забони модарияшон ҳарф заданро ор медонанду ин гуноҳашонро зери баҳонаи “забони модариямро хуб балад нестам, бо русӣ беҳтар фикрамро баён мекунам” пинҳон мекунанд. Ҳамин аст узри бадтар аз гуноҳ! Миллати забонгумкарда миллати ҳувиятбохта мешавад!

Кош шумо битавонед бо забони бузургоне чун Рудакию Фирдавсӣ, Хайёму Бедил, Синову Розӣ ва садҳо тани дигар шахсиятҳои ҷаҳонӣ бузург шавед. То ифтихорҳои миллати ман ҳамеша бо “замони гузашта” баён нашавад. Дигар зеби калом на “доштем-доштем”, балки “дорем-дорем” бошад.

Ман умед дорам, ки шумо насли тилоии миллатам мешавед. Насли тилоӣ аммо на мисли ин нодидагоне, ки аз пулҳои падарҳои тоза ба даврон расидаашон бо мағзҳои холӣ ва назарҳои паст бо молу мулки аз роҳи ғорати мардум ба дастовардаашон бешармона ҳар сӯ фахрфурӯшӣ мекунанд. Мехоҳам насли инсонҳои озоду огоҳе бошед бо мақсадҳои бузург!

Вақте мактабхон будам, рӯзе омӯзгорам вазифа доданд, ки иншое дар бораи “кӣ шудан мехоҳам?” бинвисему онро дар синф барои ҳамдарсҳоямон бихонем. Мо беш аз сӣ нафар будем. Танҳо 10-11 нафар дархости муаллимамонро иҷро карданд. Омӯзгорамон ранҷида пурсиданд, чаро донишомӯзон вазифаро иҷро накарданд?

Яке аз ҳамсинфонам, Лутфулло, аз нимкати охирон посух дод:

-- Малима ай ин навис-навис мора чӣ фоида? “Па лубому” мактаб бут шава, мерем Расияҷон!

Посухи ӯро шунида Манижа ном дигар ҳамсинфам шердил шуда, гуфт:

-- Э муаллимаҷон, ман ҳами нуҳиро тамом кунам, басай, шу мекнм мерам!

Шояд ҳамон рӯз буд, ки фаҳмидам умқи фоҷеа чӣ қадар аст. Насли ман қурбонии низому фазоест, ки бояд тағйир ёбад. Кош шумо мисли мо набошед!

Оморҳои гуногун пешниҳод мешаванд, ки солона сафи муҳоҷирони кориро аз як то ду миллион ва ҳатто беш аз он нишон медиҳад. Гоҳо ба ин натиҷа мерасам, ки зоҳиран насли мову аз мо бузургтарҳо насли “зӯри бозӯ”-янд. Бо қудрати бозуяшон барои ғарибаҳо хидматгорӣ карданду мекунанд. Кош дар мактаб хуб хонда буданд. Кош аз ҳар ҳазор нафар як нафарашон зӯри зеҳнашро метавонист ба намоиш гузорад. Агар чунин мешуд, ҳоло ҳадди ақал 1000 ва ҳатто 2000 донишманди тоҷик доштем, ки дар кишвари “шарики истротежӣ” ва муҳоҷирони кории мо ҷойгоҳи тоҷикро дигаргуна нишон медоданд. Дар амал собит мекарданд, ки мо меросбари Хоразмиву Беруниву Синову дигар бузургонем. Ва дилам мехоҳад, шумо талош кунеду асбоби хушномии тоҷикро дар саросари дунё фароҳам оваред.

Як иштибоҳи бузурги дигари бисёре аз ҳамнаслҳоямро бароятон мегӯям. Шояд шумо бикӯшед, ки аз он бипарҳезед. Мо мактабро ба бозӣ гирифтем. Муаллимонро масхара кардему қадри заҳматҳояшонро надонистем. Кош, шумо таҳсили мактабиятонро, ки зербинои аслии сохтмони вуҷудатонро ташкил медиҳад ва дар оянда тамоми таҷриба ва андухтаҳо ва ҳатто хислату хосияти шумо болои ҳамин зербино сохта мешавад, ҷиддӣ бигиреду онро то ҳадди имкон мустаҳкам бисозед. Наслҳои моро ба ҷурми “камсаводӣ” ва “бесаводӣ” забонбурида карданд. Шумо тавре биомӯзед, ки касе натавонад чунин “лақаб”-е рӯятон бигзораду иҷозаи фикр кардан, назар додан ва ҳарф заданро аз шумо бигирад.

Дилам мехоҳад, барои омӯзондани забони русӣ ба шумо аз ким - кадом қишлоқи Русия муаллим наоваранд. Дар ҳоле, ки муаллими тоҷикро маошаш аз ин моҳ то моҳи дигар намерасад. Мо пас аз ҷанги шаҳрвандие, ки наздики сӣ соли пеш буда, ба худ наомадаем. Аммо Жопон пас аз исобати бомби атомӣ чунон худашро сохта, ки ҳеч кас ба худаш иҷоза намедиҳад фанновариҳои илмию техникии онҳоро нодида бигирад. Магар онҳо чӣ карданд? Ба ғайр аз он, ки соҳаи маорифро истеҳкоми вижа бахшиданд. Муаллимонашонро муътабар ва аз заҳамоти онҳо қадрдонӣ намуданд. Пас, ба ман бигӯед, чаро дар Меҳани мо бояд вазире, кабире, ҳатто ҷонишинаке аз он муаллими иззатманд, ки ӯро дарс додааст, моҳонаи баландтаре дошта бошад?

Насли моро ба баҳонаҳои гуногун дар қолабе иҷборан гузоштанд. Иҷозаи фаротар рафтан, гуфтан ё амалеро иҷро кардан, берун аз марзҳои ин чаҳорчубаро ба мо надоданд. Гуфтанд: ҳаминест, ки ҳаст. Бояд шукрона кунеду ҳатто фикру орзуи бештар аз инро надошта бошед.

Хоҳиши раисҷумҳур, раиси шаҳр, сарвазир ё вазир шудан барои насли шумо бояд ҳамон андоза табиӣ бошад, ки орзуи пизишк ё муаллим шудан ҳаст. Ҳеч чиз ғайри имкон нест, танҳо бояд хост!

Дар ин рӯз аз ШУМО волидони азизу устодони муҳтарам як дархости кучак дорам. Бигзоред, кудакони Меҳанамон озода бошанд. Базри ғуломию тарсеро, ки дар ниҳоди наслҳои бузургтар ҷо кардаанд, дар вуҷуди кучаку беолоиши онҳо накоред!

Ҷашни 28 солагии “Истиқлолият” дар роҳ аст. Иҷоза диҳед ҳадди ақал пас аз 28 сол миллати ман ба ИСТИҚЛОЛ-и ҳақиқӣ ва маънавию ботинӣ бирасад ва онро на дар шиору лавҳа, балки дар рагҳои ҷону дилаш бубинад.

Андешаҳоятонро баён кунед, аммо онҳоро ба иҷбор бори наслҳои баъдӣ накунед! Бовар кунед, ҳам кудакон ҳам навҷавонону ҷавонони Ватанам қудрати фикр кардан доранд. Бигзоред, онҳо дар ҳамон синне, ки ҳастанд, назарашонро (ҳатто агар хато ҳам бошад, ҳатто агар мухолифи гуфтаву андешаи шумо бошад) баён кунанд. Аз СУКУТ бояд ТАРСИД! Зеро намешавад МАҚСАДи онро фаҳмид! САДО, ҳамеша ГӮЁСТ!

Зеварбону Рауфӣ

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG