"Скайроуд Лизинг" шикоят дорад, ки ширкати "Тоҷик Эйр" 20 миллион доллар қарзашро напардохтааст. Аммо "Тоҷик Эйр" инро қабул надорад. Баҳси мазкур, ки беш аз як сол аст идома дорад, мунҷар ба фирори як мақоми Вазорати нақлиёт аз кишвар шуд.
Зокирҷон Аминзода, додраси ин парванда дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шикояти ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг", Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори Додгоҳи шаҳри Душанберо бекор кард.
Баҳси ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" бо ширкати "Тоҷик Эйр" аз соли гузашта бар сари 20 миллион доллар идома дорад. Қаблан Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин маблағ муваззаф карда буд. Вале Додгоҳи шаҳри Душанбе ин ҳалномаро эътироф накард.
Аммо Зокирҷон Аминзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯяд, бо шикояти ширкати "Скайроуд Лизинг" қарори зинаи аввал бекор карда шуд. Ба қавли Аминзода, қарор каме бармаҳал содир шудааст ва Додгоҳи шаҳри Душанбе бояд баҳсро дубора баррасӣ кунад.
Ҳамакнун бо бекор шудани қарори мазкур ширкати литвонӣ ҳақ дорад дубора барои 20 миллион доллар дар Тоҷикистон талош кунад. Мувофиқи муқаррарот, барои иҷрои қарорҳои додгоҳи арбитражии хориҷӣ бояд додгоҳҳои Тоҷикистон онро эътироф ва барои он варақаи иҷро диҳанд. Дар ғайри сурат, ҳукми додгоҳи кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон қувваи қонунӣ надорад.
Ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки ширкатҳои хориҷӣ муваффақ мешаванд то қарори додгоҳҳои Тоҷикистонро бекор кунанд.
"Скайроуд Лизинг" даъво дорад, ки ширкати "Тоҷик Эйр" 20 миллион доллар маблағи қарзу баҳраҳоро пардохт накардааст. Аммо ширкати тоҷикистонӣ ин даъворо беасос хонда мегӯяд, намояндааш дар Додгоҳи арбитражии Вилнюс натавонист аз манфиатҳои ширкат ҳимоя кунад.
Масъулини ширкати "Тоҷик Эйр" гуфтанд, Зафар Ҳафизов, собиқ сардори шуъбаи ҳуқуқи Вазорати нақлиёт беш аз 180 ҳазор сомонӣ, муодили 17 ҳазор евро пули ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро аз худ карда, боис шудааст, ин ширкат дар як мурофиаи додгоҳӣ дар хориҷа шикаст хӯрад.
Феълан дар куҷо будани Зафар Ҳафизов ва ҳамчунин мавқеи ӯву наздиконаш ба ин ҳодиса маълум нест. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯянд, ӯ аз кишвар фирор кардааст.
Як намояндаи ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, Зафар Ҳафизов муваззаф буд аз манфиати ин ширкат дар баҳс бо ширкати “Скайроуд Лизинг” дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюси Литва ҳимоя кунад.
Аммо ба гуфтаи ӯ, "Ҳафизов дар мурофиаҳо иштирок накард ва боис шуд, "Тоҷик Эйр" аз коршарики литвонии худ дар додгоҳи ҳакамӣ шикаст хӯрад ва ба пардохти 20 миллион доллар маблағ муваззаф шавад". Алайҳи Зафар Ҳафизов бар асоси қисми дуи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ин баҳс дар ҳолест, ки ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз оғози моҳи январи имсол аз парвоз мондааст ва ширкат даҳҳо миллион сомонӣ қарздор мебошад. "Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он аввали соли 2019 аз қатъ шуд.
Моҳи январи имсол дар ҷаласаи солонаи ҳукумат масъалаи "Тоҷик Эйр" ҷиддӣ баррасӣ шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари онро аз толори ҷаласа берун кард. Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Хайрулло Раҳимов, собиқ мудири кулли "Тоҷик Эйр" парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Раҳимов ба "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр", муттаҳам аст.