Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти қазоқ: Наздик ба 4000 нафар боздошт шудааст


Ҳангоми пароканда кардани эътирозҳои моҳи ҷорӣ дар Қазоқистон пулис наздики 4 ҳазор одамро боздошт кард. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Ерлан Тургумбоев рӯзи 18-уми июн хабар дод.

"Рӯзҳои 9, 10, 11, 12 ва 13-уми июн дар шаҳрҳои Қазоқистон эътирозҳои ғайриқонунӣ баргузор шуд. Шаҳрвандоне, ки дар эътирозҳо ширкат доштанд, қонун "Дар бораи тазоҳурот, роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ"-ро поймол карданд. Дар қонун дақиқ навишта шудааст, ки пеш аз ташкил кардани гирдиҳамоӣ шаҳрвандон бояд ба мақомоти маҳаллӣ ариза диҳанд. Танҳо бо иҷозаи мақомоти маҳаллӣ тазоҳурот қонунӣ ҳисобида мешавад",-гуфт Тургумбоев.

Вай афзуд, ба пулис дастур шуда буд, ки аз васоили махсус истифода накунад. "Пулис барои пешгирӣ аз бетартибиҳо васоили махсус дорад. Ин лӯлачаҳои газ, калтакҳои резинӣ ҳастанд. Ин васоил истифода нашуданд. Танҳо аз неруи физикӣ истифода шуд. Қариб 4 ҳазор шаҳрвандро боздошт кардем",-илова кард вазир.

Нисбати ин шаҳрвандон "санад тартиб шуда, озод гардидаанд". 677 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ ва 305 каси дигар ба ҷаримаи маъмурӣ ҷалб шудаанд. Вазир ҳамчунин хабар дод, ки рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июн "бештар аз 300 корманди пулис ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд". "Шаш тан аз онҳо ҳоло дар бемористон бистарӣ ҳастанд",-хабар дод Ерлан Тургумбоев.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9-уми июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10-уми июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пас аз эъломи натиҷаи интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

XS
SM
MD
LG