Абдураззоқ Хуҷамқӯлов, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Кӯлоб рӯзи 17-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, корхонаи аккумулятор яке аз 11 тарҳи корхонаҳои саноатӣ аст, ки тарҳи омода шуда, барои дарёфти манбаи маблағгузорӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол шудааст.
"Барои бо ҷойи кор таъмин кардани мардум мо лоиҳаи сохтмони 11 корхонаи саноатиро таҳия кардем ва аз ҷониби сарвазир ин лоиҳаҳо пазируфта шуданд. Яке аз инҳо корхонаи истеҳсоли аккумулятор аст, ки қарор аст дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб сохта шавад", гуфт Хуҷамқӯлов.
Момирак на, дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, ки моҳи марти 2019 бо қарори ҳукумат таъсис дода шуд, дар наздикии фурудгоҳи шаҳр масоҳати 309 гектарро фаро мегирад ва ба роҳи мошину оҳан наздик буда, макони ҷаззобе барои сармоягузорист.
Тасмими бунёди корхонаи тавлиди аккумулятор дар Кӯлоб ҳамчунон аз онҷост, ки дар ин минтақа конҳои бузурги намак - як ашёи хоми зарурӣ барои истеҳсоли аккумуляторҳо мавҷуд аст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, бисёре аз қисматҳои аккумулятор аз ҷойҳои дигар бояд дастрас шаванд ва барои интиқоли молҳо низ роҳи оҳан вуҷуд дорад, ки барои боркашонӣ арзон ва қулай аст.
Айни чунин тарҳ дар солҳои 90-ум бинобар оне, ки гуфта мешуд, муҳити зистро олуда мекунад, боиси эътирози бархе аз фарҳангиён ва аъзои маҳфили он замон фаъоли "Ошкоро" гашт ва ин корхона сохта нашуд.
Аммо ҳоло мақомот мегӯянд, бо назардошти тавоноии фанновариҳои навин, чунин корхона ба муҳити атроф зиён нахоҳад дошт ва дар гузашта ҳам "овозаҳои бардурӯғ" монеи сохтмони ин корхона шуда буданд.
"Барои бунёди корхона 40 млн доллар зарур аст"
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мувофиқи нақшаи таҳия шуда, барои бунёди ин корхона 40 миллион доллар зарур аст. Мувофиқи пешбинии масъулон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давоми 12 соли оянда метавонад маблағҳои худро ҷуброн кунад ва баъдан аз он суд бигирад.
Айни замон Тоҷикистон аккумуляторҳоро аз хориҷа харидорӣ ва ворид мекунад. Дар ду соли 2017-18 кишвар аз хориҷ ба беш аз 16 миллион доллар аккумулятор харидааст.
Бинобар лоиҳаи пешбинишуда корхона бояд то 400 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунад ва дар як сол 200 ҳазор донна аккумулятор истеҳсол намояд.
Мақомот дар ҳоле, ба андешаи сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Кӯлоб афтодаанд, ки рушди иқтисоди ин минтақа назар ба дигар гӯшаҳои кишвар кундтар ва мизони бекорӣ ва фақр хеле боло аст.
Мувофиқи омор, айни замон аз 116 ҳазор аҳолии қобили кор дар Кӯлоб, 36 ҳазор нафар ва ё 31 фоиз коргарон ҷои кор надоранд. Сатҳи музди маош низ дар ин минтақа 915 сомонӣ ва нисбат ба минтақаҳои дигар 20 дарсад камтар аст.
Тарҳе, ки дар гузашта ба эътирозҳо рӯбарӯ шуд
Зимнан, ин барои бори аввал нест, ки дар Кӯлоб тарҳи сохтмони корхонаи аккумулятор матраҳ мешавад. Поёни солҳои 80-уми асри гузашта тарҳи сохтмони чунин як корхона таҳия шуда, қарор буд дар мавзеи Момирак бо тавонии истеҳсоли беш аз 3 миллион дона аккумулятор дар сол бунёд шавад.
Аммо як зумра аз фарҳангиён, устодони донишгоҳ ва аъзои маҳфили он замон фаъоли "Ошкоро" иддао карданд, ки чунин корхона муҳити атрофро олудаву заҳрогин месозад ва даст ба эътироз заданд.
Муҳандис Тоҳирхон Ғозиев, ки яке аз масъулони ин тарҳ буд, дар хотироти хеш менависад, онҳое, ки зидди бунёди ин корхона гирдиҳамоӣ карданд, дар асл аз саноат чизе намедонистанд ва ин эътирози онҳо боис шуд, ки Маскав аз сармоягузории сохтмони он даст кашад.
Абураззоқ Хуҷамқулов мегӯяд, тарҳи корхонаи нав аз сифр шурӯъ шудааст ва бо тарҳи пешин ҳеҷ робитае надорад. Макони бунёдаш ҳам на мавзеи Момирак балки, Минтақаи озодӣ иқтисодии Кӯлоб интихоб шудааст.
"Дар вақташ мардум нодуруст фаҳмиданд ва ба овозаҳое, ки чунин корхона ба муҳити атроф зарра дорад, дода шуданд. Аммо ҳоло фаҳмидаанд, ки чунин корхона зарар нахоҳад дошт. Чун дар аксар кишварҳо ҳоло чунин корхонаҳо амал мекунад",- гуфт Хуҷамқулов.