Мирзиёев ба Раҳмон: Мо дар гузашта ҳеҷ гоҳ чунин ҳамкорӣ надоштем
Дар остонаи конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки президенти Узбекистон яке аз меҳмононаш буд,Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ҳеҷ гоҳ ба ин сатҳ набуд. Ӯ таъкид кард, ки соли 2018 мизони додугирифти ду кишвар 54 дар сад ва дар чор моҳи соли ҷорӣ 30 % афзоиш ёфт. Муносибатҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон бо сари кор омадани президент Мирзиёев комилан тағйир ёфт. Нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон 9 марти соли 2018 сурат гирифт