60 сол аст, ки дар он рафтуо мекунанд ва ҳамеша хатарзост. Ба гуфтаи мардум, борҳо одамон аз болои он афтода ғарқ шудаанд. Мақомот вазъиятро шарҳ намедиҳанд. Абдулҳафиз Одинаев, сокини рустои Дӯстии ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, «онҷо барои гузаштани одамон бисёр хавфнок аст, вале мо ночорем.»
Дучарха аз навъҳои маъмулии нақлиёт дар ин деҳа аст. Пеши ҳар хонае як ё ду дучархаро дидан мумкин аст. Гоҳе дар ин пули борик он ҳам ба ҷон таҳдид мекунад. «Чандин велосипедронҳо бо дучархаи худ ба об сарозер шуданд», - мегӯяд Сафаралӣ Розиқов, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Ҳамадонӣ.
Ӯ афзуд: "Бовар кунед, чандин зану мард ҳангоми гузаштан, бо бору бухчаашон ба даруни дарё рафтаанд. Бо вуҷуди мушкил рафтуомадро қатъ намекунанд. Ҳоло дар ҳар хона аз ду велосипед зиёд дидан мумкин аст, зеро бештари сокинон ба кишоварзӣ машғуланд, маҳсулоташонро дар пушти велосипед гирифта, ба Восеъ мераванд.
Мардум аз рӯи ниёз онро гузаргоҳ карданд. Ҳоло мехоҳанд мақомот дар инҷо пули мошингузар созанд. Деҳоти Дӯстӣ дар Ҳамадонӣ, 22 километр дур аз маркази ноҳия ҷойгир буда, зиёда аз 5 ҳазор аҳолӣ дорад. Сокинон мегӯянд, агар ба болои дарёи Ёқсу пули мошингузар созанд, аз хатар эмин мемонанд ва ҳам кишоварзӣ дар деҳоти онҳо рушд мекунад.
Мардуми деҳоти Дӯстӣ расман ба мақомот муроҷиат накардаанд, вале умед доранд дар доираи барномаи “Рушди деҳот” ба мушкили онҳо низ таваҷҷӯҳ мешавад. Барномаи мазкур ҳадафи таъмини сокинони рустоҳо бо зербунёд ва шароити муносиби зиндагиро дар назар дорад.