Маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон аз куҷост?
Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон мавридҳои истифода аз маводи мухаддир дар зиндонҳои кишварро тасдиқ кард. Абдуманнон Холиқзода дар ҷаласаи се рӯз пеш дар порлумон гуфт, барои ҷилавгирӣ аз ин масъалаи доғ чора меҷӯянд. Ин масъаларо Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҳизби сотсиалист, матраҳ кард. Ҳарчанд мавзӯи ҷаласаи порлумон “дар бораи эъломияи дороиҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ” буд, ӯ аз муовини якуми Вазорати адлия тақозо намуд, сабабҳои вуҷуди маводи мухаддир дар зиндонҳоро шарҳ диҳад.
Навор
-
июн 14, 2024
Шарҳи Шокирҷон Ҳакимов дар бораи боздошти Усмонзода
-
феврал 21, 2024
Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд?
-
январ 10, 2024
"Вазорат як чиз мегӯяд, воқеият чизи дигар аст"
-
январ 05, 2024
Сабти IMEI кори мардумро душвор кардааст