Онҳо мегӯянд, Шаҳбоз Зиёдуллоев соли 2014 шаш моҳ дар зиндон буд ва асосан собиқаи ҷиноиаш раҳбарони аксар қисмҳои низомӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро "тарсондааст".
Мақомоти комиссариати ҳарбии ноҳияи Турсунзода Шаҳбоз Зиёдуллоевро ба Душанбе фиристодаанд ва вазъиятро расман шарҳ намедиҳанд. Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, ҷавононе, ки собиқаи ҷиноӣ доранд, ба сафи артиш қабул намешаванд ва эҳтимол Шаҳбоз Зиёдуллоев низ то замони адои савганди сарбозон ба назди хонаводааш баргардад.
Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, асосан саривақт пур нашудани нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш мақомотро ба он маҷбур мекунад, ки афроди бемору зиндониёни собиқро низ зӯран ба хидмат фиристанд. Ҳарчанд баъзан чунин ҳолат дардисарсоз мешавад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Абдуғаффор Зиёдуллоев, сокини ноҳияи Турсунзода, гуфт, писарашро рӯзи 18-уми майи имсол маҷбуран ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисташон бурдаанд. Ӯ гуфт, бо вуҷуди онки писараш доғи судӣ дорад ва ҳамзамон аз захми меъда азият мекашад, аз комиссариати ҳарбӣ ҷавоб надода, баръакс, ба комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе интиқол додаанд.
Ӯ гуфт, "Шаҳбоз бисёр хашину асабӣ аст ва дубора ба ҷиноят даст заданаш аз эҳтимол дур нест."
"Панҷ сол пеш барои задани як милиса ва дарондани либоси ӯ зиндонӣ шуда, баъди шаш моҳи адои ҷазо афв гардида буд. Дар комиссариати ҳарбӣ инро ба назар намегиранд. Маълумотномаро дарронда партофтанд. Ду рӯз қабл ба ноҳияи Панҷ бурданд ва дар ду қисми низомӣ ӯро қабул накарданд", - нақл кард Абдуғаффор Зиёдуллоев рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ.
Волидони Шаҳбоз Зиёдуллоев аз мақомот мехоҳанд, ё писарашро озод кунанд ва ё барои ӯ забонхат диҳанд, ки дар сурати дубора ҷиноят содир кардани ӯ падарро гунаҳкор нашуморанд.
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад. Дар ин мавсими даъват чанд навори "облава" дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боис ба баҳсҳои тунд шуд. Вале "облава" шудану дар қисмҳои ҳарбӣ "харидор" наёфтани ҷавоне камсобиқа будааст.
Масъули як қисми низомӣ бидуни бурдани номаш гуфт, ҳоло беҳтар медонанд, ки ҷавонони, ба қавли ӯ, қобили эътимодро ба хидмат гиранд. Вай гуфт, "онҳоро бояд ду сол нигоҳ кунӣ. Агар сарбозон соҳиби маълумот, боодоб ва соҳиби касб бошанд, дигарон ҳам ибрат мегиранд. Вагарна, бачаҳои бад ба ӯ мепайвандад. Бисёриҳо омода нестанд, ки нафари маҳкумшударо ба қисми низомии худ бигиранд."
Масъулони Вазорати дифоъ мегӯянд, наваскароне, ки доғи судӣ доранд, то маросими адои савганд аз қисмҳои ҳарбӣ ҷавоб дода мешаванд. Зеро то замони савгандёдкунии сарбозон дар сафи артиш, мақомоти масъул дар бораи онҳо маълумот ҷамъ меоранд.
Ориф Нозимзода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ шомил намешаванд".
Дилрабо Самадова, раиси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” низ гуфт, "шахсоне ки ҷиноятҳои вазнин содир карда, вале сафед нашудаанд, набояд ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд. Онҳо метавонанд дар артиш даст ба ҷиноят зананд. Масалан, қазияи Шаҳбол Мирзоевро гирем. Яке аз гунаҳкори қазияи ӯ фелдшери қисми ҳарбӣ Усмон Ғайратов аст, ки қаблан бо ҷинояти авбошӣ маҳкум шуда буд."
Ҳар сол ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-солаи тоҷик ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари онҳо аз хидмат расман озоданд. Яъне, ё писари ягонаи хонаводаанд, беморанд ва ё имтиёзи дигаре доранд.
Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат «гурезондааст”.
Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи халосӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.