Ин дастурро баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи мушкили Фарзона ва болоравии нархи хун додаанд.
Дар посухи расмии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ба вазорати тандурустӣ ва Радиои Озодӣ уфта шудааст, Оиша, Шукрона ва Нодира духтарони бемори Фарзона Наимова дар марказ сабти ном шуданд ва “соли 2019 пурра бо ҷузъҳои хуни лозима, ройгон таъмин хоҳанд шуд.”
Дар вокуниши Маркази илмии хун, гуфта шудааст, ки хоҳарони мубтало ба бемории хунро рӯзи 15-уми май муоина карданд ва маълум шуд, ки онҳо: “Гирифтори тромбоситопения ва тромбоситопатияи ирсӣ мебошанд. Барои табобати мукаммали беморон ва бартараф намудани камбудиҳои ба миён омада, чораҳои қатъӣ андешида ва нақшаи табобати минбаъда таҳия карда шудааст."
Фарзона Наимова, сокини шаҳри Ҳисор, рӯзи 13- уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, се духтари хурдсолаш аз бемории лахтшавии хун азият мекашанд.
Ба гуфтаи Фарзона, пас аз ҳар хунравӣ, ки гоҳо то дер идома мекунад, ба фарзандони ӯ бояд хун дода шавад. Аммо ба далели тангдастӣ ӯ наметавонист, сари вақт ба духтур муроҷиат кунад ва хун бихарад.
Ин модар ҷое кор намекунад ва шавҳараш ҳам, тавре худи ӯ мегӯяд, ба иллати бемории кӯдакон, онҳоро тарк кардааст. Фарзона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд. “Мисол 300 грамм хунро ман 315 сомони мехаридам, фақат барои як нафар. Ман бояд барои 3 кас бихарам. Аз ҳамин сабаб ҳар моҳ дар духтур муроҷиат намекунам, чун зӯрам намерасад.”
Дар сӯҳбати ахири худ бо Радиои Озодӣ Фарзона гуфт, дар воқеъ пас аз нашри гузориш масъулини Маркази хун бо ӯ тамос гирифта, барои огоҳ шудан аз вазъи фарзандони ӯ ба Ҳисор рафтаанд.
Ба гуфтаи Фарзона аз ҷониби ин Марказ барои духтари 8-солаи ӯ, ки аҳволаш бад ва камхунӣ ӯро беҳаракату аз мактаб дур намуда буд, фавран ҷузъҳои зарурии хун дода шуд.
Ҳоло мегӯяд ин модар ҳоли духтараш беҳтар шудааст: “Аз Радиои Озодӣ сипосгузорам. Дарҳол баъди гузориш, аз маркази хун ба ман занг зада, наздам омаданд. Ҳоло ҳаматарафа дастгирӣ карда истодаанд. Плазма ва крион чакондем ҳоло духтарам беҳтар шудааст. Ман то ин вақт аз имтиёзҳое, ки барои бемориҳое мисли духтарони ман пешбинӣ шудааст, хабар надоштам.”
Нархи хун дар Тоҷикистон ҳудуди 20 дар сад боло рафтааст ва қимати ҳар 100 миллилитр хун вобаста ба гурӯҳҳои он ба гуфтаи корафтодаҳо то 105 - 120 сомонӣ арзиш дорад.
Сабаби то 15 дар сад афзудани нархи хун дар муассисаҳои тиббӣ ба гуфтаи мақомот афзоиши хароҷот барои коркард ва бехатарии хун аст.